Ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳмоҳи соли 2019

 

Дар оғози ҷаласа Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Чиллазода Қ. вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Палата дар нимсолаи аввали соли 2019 маърӯза намуданд.
Чиллазода Қ. иброз доштанд, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» , «Дар бораи молияи давлатӣ», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ» Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» ва дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 инчунин, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо баён доштанд » ба роҳ мондааст.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи корӣ, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, инчунин қарору муроҷиатҳои асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар нуҳмоҳи соли 2019 дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 217 санҷиши аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 102,5 млн. сомонӣ муайян намуд.
Сипас, дар давоми ҷаласа ҳисоботи Сараудиторон ва сардорони Раёсатҳо шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Палата ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди соҳаи аудит ва риояи методологияи амалкунанда баррасӣ гардиданд.
Дар робита ба фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳмоҳи соли 2019 ва вазифаҳо барои минбаъда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.