Иштироки Ҳайати Палатаи ҳисоб дар Конгресси 23-юми ИНТОСАИ

 

Ҳайати Палатаи ҳисоб таҳти роҳбарии Муовини Раис Азимӣ З.И. 23-28 сентябри соли равон дар Конгресси 23-юми ИНТОСАИ, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия барпо гардид иштирок намуданд.
Чорабинии мазкурро Президенти Федератсия Россия Путин В.В. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид ва дар он як зумра сиёсатмадорон ва иқтисодчиёни сатҳи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла зикр намуд, ки чорабинии мазкур қадами муҳим дар роҳи таҳкими равобити байналмилалӣ буда, ба рушди муносибатҳои созанда байни кишварҳо, ки ба ҳалли мушкилоти умумӣ асос ёфтаанд, хидмат менамояд. Инҳо ҳадафҳоест, ки Россия дар тӯли се соли оянда барои раисӣ дар созмони бонуфузи шумо қарор додааст. Ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ, мубодилаи таҷриба дар сохторҳои аудити берунаи хориҷӣ яке аз масъалаҳои калидӣ дар таҳкими эътимод, пешгӯӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва молия мебошад, ки асоси кори муштараки мо барои рафъи мушкилоти сохторӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, беҳбудии аҳолӣ ва ҳифз муҳити атроф мебошад, ки Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҳадафҳои рушди устувор муайян кардааст
Дар ҷараёни Конгресси 23-юми ИНТОСАИ ҷаласаи Кумитаи оид ба стандартҳои касбӣ, ҷаласаи Кумита оид рушди потенсиалӣ, ҷаласаи Кумита оид ба табодули афкор, инчунин вохӯрии 72 ва 73 Шӯрои роҳбарони мақоми олии аудити Созмони байналмилалии мақоми олии аудит (ИНТОСАИ) баргузор гардид, ки як қатор масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Дар ҷараёни Конгресси 23-юми ИНТОСАИ ҷаласаи Кумитаи оид ба стандартҳои касбӣ, ҷаласаи Кумита оид рушди потенсиалӣ, ҷаласаи Кумита оид ба табодули афкор, инчунин вохӯрии 72 ва 73 Шӯрои роҳбарони мақоми олии аудити Ташкилоти байналмилалии мақоми олии назорати молиявӣ (ИНТОСАИ) баргузор гардид, ки як қатор масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд махсус қайд намуд, ки мавзуъҳои “Микроаудит чолишҳои стратегии иқтисодиёти ҷаҳон ва рушди байналмилалӣ” ва “Чӣ тавр таъмин намудани рушди устувор дар айёми бӯҳрон ” аз ҷониби ширкаткунандагон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд, ки бисёр саривақтӣ ва муҳим ба шумор меравад.
Дар раванди Конгресс ҳисоботҳои ташкилотҳои минтақавии ИНТОСАИ АСОСАЙ, АФРОСАИ,АРАБОСАИ, КАРОСАИ, ЕВРОСАИ, КАРОСАИ,ОЛАСЕФС, ПАСАИ Кумита оид ба стандартҳои касбӣ, Кумита оид рушди потенсиалӣ, Кумита оид ба табодули афкор, Ташаббуси рушди ИНТОСАИ, Маҷаллаи Аудити давлатӣ шунида шуда қабул карда шуда, аудиторон ва аъзоёни нави Шӯрои робарон барои се соли минбаъда интихоб гардиданд.
Инчунин, дар аснои чорабинии зикргардида масъалаҳои мубрам дар соҳаи аудити давлатӣ дар робита ба Татбиқшавии аудити Ҳадафҳои рушди устувор ва Нақши мақоми олии аудит дар мубориза алайҳи фасод низ рӯнамоӣ ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар хотима ҳуҷҷати асосии Конгресс Эъломияи Москва бо аксарияти овозҳо қабул карда шуд, ки дар сатҳи баланд омода шуда мувофиқатии он ба принсипҳои асосии аудит аз қабили шаффофият ва мустақилиятдарҷ гардидаанд.
Қайд гардид, ки ҳамкориҳои фаъолу созанда вобаста ба нишондиҳандаҳои асосии миллӣ ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти олии аудит, тақвият бахшидани интизоми фискалии баҳрабардории буҷет ва ниҳоятан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Конгресс мақоми олии ИНТОСАИ буда ҳар се сол як маротиба бо иштироки ҳамаи аъзоён доир мегардад ва имсол намояндагони зиёда аз 169 давлати ҷаҳон дар кори он иштирок намуданд.