Ба тоҷикӣ | На русском | In English

14 декабри соли ҷорӣ бо иштироки кулли кормандон, ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб баргузор гардид.

 

Вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти корӣ, дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14 декабри соли ҷорӣ бо иштироки кулли кормандон, ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб баргузор гардид. Ҷаласа бо суханронии Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Д.А. ифтитоҳ шуда, дар он ҷамбасти фаъолияти корӣ дар соли 2016 натиҷагирӣ карда шуд. Сипас Муовини Раис Азимӣ З. ҳисоботи мухтасарро оиди пешрафт ва нуқсонҳои корӣ дар соли 2016 ба аъзоёни Ҳайати мушовара ва кормандон пешниҳод намуд.
Ҳамчунон Сараудиторон Аҳмадзода Ф.З., Муминов Қ.Ҳ., Кучакшоев А.Д., Самиев М.Р. ва сардорони Раёсату Шӯъбаҳо оиди самти фаъолияти кории хеш маърӯза намуданд.
Дар охири ҷаласа Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Д.А. ба як қатор кормандоне, ки дар тӯли сол натиҷаҳои хуби корӣ нишон додаанд, бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд ва ба кулли кормандон азм намуданд, ки ҳар чӣ бештар ва хубтар баҳри иҷрои вазифаҳои хизматии хеш ҷаҳду талош намоянд.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима