Санаи 15 ноябри соли ҷорӣ дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати“Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо иштироки роҳбарият, кормандон ва намоянда аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади судманде баргузор гардид. Зимни суханрони Раиси Палатаи ҳисоб аз рӯзҳои баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ дар моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд ёдовар шуда, иброз намуд, ки маҳз бо сари ҳокимият омадани фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон, дар фазои Тоҷикистони азиз сулҳу субот, оромӣ ва осоиштагӣ ҳукмфармост, ҳамчунин таъкид намуд, ки эҳтиром гузоштан ба Президент, дӯст доштани ин миллат ва садокат ба ӯ садокат ба Ватан аст ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда идома додан вазифаи ҳар шаҳрванди бо ору номуси кишвар мебошад. Дар охир Раиси Палатаи хисоб кормандонро азм намуд, ки ҳар чи бештар ва хубтар баҳри иҷрои вазифаҳои хизматии хеш ҷаҳду талош намоянд.