Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Намояндагони Палатаи ҳисоб дар ҷаласаи Гурӯҳи коршиносон оид ба нишондиҳандаҳои асосии миллии Шӯрои роҳбарони мақоми олии назорати молиявӣ (аудит) давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд.

 

Дар  ин ҷалласа   аввалин бор, ки  тариқи  видеоконфронс мустақиман баргузор гашт  намояндагони  мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳуриҳои  Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова,  Федератсия Русия ва Тоҷикистон  иштирок намуданд.   Нахуст Директори  Департаменти Палатаи ҳисоби Русия, ҳамоҳангсози Гурӯҳи коршиносон Дмитрий  Зайтсев  иштирокчиёнро  дар бораи натиҷаи ҷаласаи 8 Кумитаи INTOSAI оид ба табодули таҷриба,  моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Мехико (Ҷумҳурии Мексика) баргузор гардида буд   иттилоъ дод.
Масъалаҳои  тайёр намудани лоиҳаи  гурӯҳи коршиносони  “Таҷрибаи кишварҳои ИДМ дар соҳаи рушди устувор», ки дар муайян намудани дурнамо  барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор равона карда шудааст мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар кори конфронс аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ,аъзои гурӯҳ оид ба коркарди стандартҳо , Ёрдамчии Раиси Палатаи ҳисоб Мадаминов Р.К. Сардори Раёсати стандартҳо,таҳлил, рушд ва робитаҳои байналмилалӣ Назаров Ҷ. ва кормандони Раёсати мазкур  Мавлонов В., Шарипов Ғ. Зубайдуллои Мирзошариф ва Наврузшоҳ Муҳиддинзода ширкат варзиданд. Дар кори конфронс мавзӯъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
1.Ба ақидаи  иштирокдорони видеоконфронс ,  яке аз мушкилоти мубрам ҷиҳати  амалисозии  татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии дарозмуддат оид ба мамлакатҳои ИДМ  ин мавҷуд набудани ҳамкории самарабахш байни мақомоти давлатӣ, ки масъули татбиқи ин барномаҳо мебошанд.
2.Оид ба  нақши махсуси мақомоти олии  назорати давлатӣ доир  ба ин масъалаҳо, бахусус дар таҳлил ва арзёбии иҷрои барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳияи тавсияҳои дахлдор барои ҳалли камбудиҳо таъкид карда шуд.
 Дар натиҷаи таҳқиқот дар назар аст маводҳои таҳлилӣ  омода  карда шаванд, ки таҷрибаи  мақомотҳо олиии назорати молиявии  давлатҳои аъзои ИДМ  ро ғанӣ намуда, тавсияҳо  барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушди давлат дода шавад. Дар охири корои конфрон қарорҳо дахлдор қабул гардид.

           Маркази матбуоти Палатаи ҳисоб

 

Аксхо

 
Силкаҳои лозима