Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Гиромидошти забони модарӣ

 

Санаи 03.10.2016 дар толори маҷлисгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 27 солгарди Рӯзи Забон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Нахуст муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимӣ З.И. ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забон табрик намуда, аз ҷумла қайд намуд  25 сол мешавад, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар фазои орому осудаи Ватани азизу маҳбуби хеш Рӯзи забони тоҷикиро таҷлил менамоянд. Имрӯз забони мо вориди марҳалаи сифатан нави инкишофи худ гардидааст. Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонун дар бораи Забони тоҷикиро тақвият бахшида, мақоми  забони давлатиро баланд кард ва ин забонро ба минбарҳои баланди дунё баровард, бо ифтихору сарфарозӣ бо забони ноби тоҷикӣ сухан кард ва бори дигар паёми сулҳу ваҳдату шукуфоии ватани азизи моро ин соҳибзабони арзанда ба оламиён расонд. Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии он бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад. Мо бояд дар чунин шароит кӯшиш намоем, ки рисолати забони худро ҳифз намуда, ҷараёни табии инкишофи онро таъмин намоем.
Сипас корманди Палатаи ҳисоб Мавзунаи Иброҳим маърӯза намуда, иштирокчиёнро ба муносибати ин ҷашни бузург табрику таҳният намуд ва зимни маърӯзаи худ иброз дошт, ки Забон асоси илҳом ва меҳвари ҷунбишҳои ҳунарию фарҳангӣ ва илмии миллат мебошад ва дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ мегардад. Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмии давлати мо дар шароити нав мавқею нуфузи хоса пайдо намуд ва вазифаи муҳиме, ки имрӯз пешорӯи аҳли илму маорифи кишвар қарор дорад, ин густаришу ба мақоми комили забони илм расонидани забони тоҷикӣ аст.
Дар охири ҷаласа Сараудиторон Аҳмадзода Ф.З. Самиев М.Р Кучакшоев А.Д. баромад намуда зимни маърӯзаи хеш иброз намуданд, ки Забон рукни муҳими давлатдорӣ, нишонаи асосӣ ва муайянкунандаи асолати миллат ба шумор рафта, гиромидошт ва поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҳар фарди ватандӯст аст.

 

 

Аксхо

 
Силкаҳои лозима