Санаи 27–уми сентябри соли 2016 дар бинои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагон аз Бонки Ҷаҳонӣ Мозес Васике, хонум Бонни, Ҳасан Алиев Нисо Бозидова, Шуҳрат Мирзоев мушовири иқтисодӣ оид ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз Намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британия Кабир ва Рустам Бобоев аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки ҷонибҳо атрофи марҳилаи 2-юми лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ дар самти “Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ” қисмати сеюм “Тақвияти аудити берунӣ” гуфтугӯи судманд гузарониданд. Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Д.А. сараввал миннатдории хешро ҷиҳати дастгирии рушди институтсионалии мақоми олии назорати молияви аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ баён намуда, зимни гуфтушунид қайд намуд, ки имрӯз қисмати сеюми лоиҳаи мазкур ба кори худ оғоз намуд аз тарафи Палатаи ҳисоб Роҳбари ҳамоҳангсозӣ (координатор) интихоб гардидааст ва дар рӯзҳои наздик шартномаи корӣ низ ба имзо хоҳад расид. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷраи корӣ ва тамоми шароитро фароҳам гардонид барои пешрафти кор Давлатзода Д. инчунин қайд намуд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли равон Кумитаи ҳамоҳангсози Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ таҳти роҳбарии Муовини аввали Сарвазир ба имзо расид, ки роҳбари амалигардонии сектори маблағгузории Палатаи ҳисоб – Муовини Раиси Палатаи ҳисоби Азимӣ З. вобаста шудааст. Ҳамчунин бо фармони Раиси Палатаи ҳисоб аз 22 сентябри соли 2016 Гуруҳи кории техникӣ аз ҳисоби мутахассисони баландихтисоси Палатаи ҳисоб таъсис дода шуд ва тамоми корҳо дар ин самт бо ҳамдастӣ бо Вазорати молия амалӣ гардида истодааст.