Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Маҷлиси ботантана бахшида ба муносибати XXV-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

5 сентябр дар толори маҷлисгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон Ҳамрализода Фарух Маҳмуд Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва Кабирҷон Ҷуразода мушовири бахши ёрдамчӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид. Нахуст Раиси Палатаи ҳисоб Давлатзода Д.А. кормандонро бо ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ муборакбод гуфта, қайд намуд, ки боиси ифтихор аст, ки имрӯз бахшида ба ҷашни Истиқлолияти кишвар Сараудитори Палатаи ҳисоб Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзализода Назаралӣ ба мукофоти Медали хизмати шоиста аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ  гардидааст.

Сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳамрализода Фарух ҳайати кормандони Палатаи ҳисобро ба муносибати ҷашни Истиқлол табрик намуда, Медали хизмати шоистаро аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Файзализода Назаралӣ тақдим намуд.

Ҳамзамон зимни суханронӣ Раиси Палатаи ҳисоб Давлатзода Д.А оид ба рушди Тоҷикистон ва дастовардҳои даврони истиқлолият сухан карда, таъкид намуданд, ки маҳз бо шарофати истиқлолият, Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилали мавқеу манзалати худро дорост ва мебояд, ки мо ин неъмати бебаҳоро ҳифз намоем ва таҳким бахшем.
Ҳамчунин Давлатзода Д.А. як қатор кормандонро ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонид.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима