Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Маҷлиси васеъ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки намояндаи Палатаи ҳисоб

 

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи корӣ барои соли 2016, санҷиши аудиторӣ оид ба баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри Конибодоми вилояти Суғдро дар давраи аз моҳи январи соли 2015 то моҳи июни соли 2016 ба анҷом расонид. Дар рафти санҷиш  як қатор камбудиҳо дар фаъолияти бахшҳои Ҳокимият ва идоракунии давлатӣ,  Дастгоҳи Раёсати молия Шуъбаи маориф, Тандурустӣ , Хоҷагии манзилию коммуналӣ, Фарҳанг ва варзиш, Кишоварзӣ, Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа,  ошкор  карда шуд. Бо назардошти камбудию норасоиҳои ошкоргардида, аз ҷониби Сармутахассиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимов Рустам дар маҷлиси васеъ  бо масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои буҷетии   ҷиҳати бартараф намудан ва минбаъд роҳ надодан ба чунин камбудиҳо  тавсияҳои судманд дода шуд. 

Аксхо

 
Силкаҳои лозима