Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                                    ЧИЛЛАЗОДА ҚАРАХОН
                                                                      Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 1961 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.
Соли 1980 Техникуми кооперативии шаҳри Душанберо хатм кардааст.
Соли 1994 Донишкадаи тиҷоратии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳосиб-иқтисодчӣ хатм кардааст.
Солҳои 1980 - 1982 хизмат дар сафи қувваҳои мусалаҳ
Солҳои 1983-1996 дар вазифаи Назоратчӣ-тафтишотчӣ дар шаҳри Калининобод фаъолият кардааст.
Солҳои 1996 - 2000 дар вазифаи Директори савдои шаҳрии шаҳри Сарбанд кор кардааст.
Солҳои 2000 - 2006 дар вазифаи Сардори шуъбаи молияи шаҳри Сарбанд фаъолият намудааст.
Солҳои 2006 – 2008 дар вазифаи Сардори Идораи молияи шаҳри Сарбанд кор кардааст.
Солҳои 2008 – 2011дар вазифаи Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон кор кардааст.
Солҳои 2011 – 2016 дар вазифаи Раиси шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон фаъолият намудааст.
Солҳои 2016 – 2017 дар вазифаи Директори Генералии корхонаи Тоҷикозот “Азот”-и Вазорати саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сарбанд кор кардааст.
Соли 2017 -2018 вазифаи Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлонро иҷро кардааст.
9 феврали соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодро дар бораи Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Чиллазода Қ. ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
21 феврали соли 2018 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қарахон Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Забони русиро медонад.
Бо Ордени “Шараф” дараҷаи 2 сарфароз гардонида шудааст.

 

Аксхо

 
Силкаҳои лозима