Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                               ШАРОБИДИНЗОДА ЗИЁМИДИН ШАРОБИДИН
                                                    Роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 1968 дар шаҳри Гулистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Солҳои 1985 – 1988 дар совхози “Сабзавоткорӣ – 1” – и ноҳияи Ашт кор кардааст.
Солҳои 1986 – 1988 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хизмат кардааст.
Солҳои 1988 – 1990 дар Кооперативи истеҳсолии “Прогресс”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 1990 – 1995 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Солҳои 1995 – 1996 дар вазифаи Ёрдамчии калони Прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 1996 – 2004 дар вазифаҳои муфаттиш, муфаттиши калони Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Солҳои 2004 – 2008 вазифаи муфаттиши калони шуъбаи тафтишотии Прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо ба ӯҳда дошт.
Солҳои 2008 – 2016 дар соҳаи тафтишотии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 2016 – 2017 дар вазифаи сармутахассиси бахши ҳуқуқи Раёсати ҳуқуқ, кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсуси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон (тариқи шартномавӣ) кор кардааст.
Соли 2017 – 2020 вазифаи сардори Шуъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
Аз 24 июли соли 2020 дар вазифаи Роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима