Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                    ҲАСАНЗОДА АСЛИДДИН САФАРАЛӢ

                                                          Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 1987 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.
Соли 2011 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди маълумот ва идоракунӣ ва соли 2015 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз хатм кардааст.
Соли 2005 (01 – 08) дар вазифаи Муовини директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сомон-тиҷорат” дар шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 2011 – 2012 дар вазифаи муҳандиси сехи интернетии филиали Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷиктелеком”, Муовини сардори Шабакаи ҷумҳуриявии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷиктелеком” ва мутахассис оид ба назорат ва бозрасии воситаҳои радиоэлектронии Раёсати назорати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2012 – 2013 сармутахассис оид ба рақамгузорӣ ва таҳлили ҳисоботҳои Раёсати танзими Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва то Сардори Раёсати танзими Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2014 – 2017 дар вазифаи Муовини сардор оид ба истеҳсолоти Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2017 – 2020 дар вазифаи Сардори Раёсат оид ба масъалаҳои сиёсати иҷтимоии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи июни соли 2020 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Забони русиро медонад.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима