Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                         АЛИАҲМАДИЁН РУСТАМ МИРАҲМАД
                                                          Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 1966 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст.
Соли 1990 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро (ҳозира – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо ихтисоси ҳисоби бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ хатм кардааст.
Солҳои 1990 – 1995 дар вазифаҳои мутахассиси дараҷаи 1, сармутахассиси гурӯҳи санҷиш ва назорат, сардори шуъбаи ҳисоби бухгалтерӣ ва назорати Иттиҳодияи истеҳсолию таъминоти техникаи кишоварзӣ “Облагропромтехснаб” - и собиқ вилояти Кулоб ва минтақаи Кулоби вилояти Хатлон кор кардааст.
Солҳои 1995 – 2005 дар вазифаи сармуҳосиб-тафтишотчии Идораи кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ фаъолият намудааст.
Солҳои 2005 – 2008 дар вазифаи сардори шуъбаи мониторинги қарзҳои хоҷагиҳои пахтакори гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби ҶСП Ташкилоти молиявии ғайрибонкии “Кредит Инвест” кор кардааст.
Солҳои 2008 – 2013 дар вазифаи менеҷери қарздиҳанда, сармуҳосиби ҶСП Ташкилоти амонатии кредитии хурди “Нисор Фом” кор кардааст.
Соли 2013 (01 – 10) дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ВМКБ кор кардааст.
Солҳои 2013 – 2014 дар вазифаи сардори Бахши муҳосибии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2014 – 2018 дар вазифаи Сардори Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи декабри соли 2018 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Забони русиро медонад.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима