Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                        ФАЙЗУЛЛОЗОДА ХОЛНАЗАР ТАҒОЙМУРОД

                                                                 Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 1972 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.
Соли 1994 Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро бо ихтисоси математика – физика (рўзона), соли 2001 Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро бо ихтисоси молия ва қарз (ғоибона) ва соли 2016-ум Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Солҳои 1994 – 1999 дар вазифаҳои Хазинадори калон, мудири хазинаи филиали №1579 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва Муовини сардори шуъбаи амалиётии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар вилояти Хатлон кор кардааст.

Солҳои 1999 – 2002 дар вазифаи Мудири нуқтаи ваколатдори Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳри Қӯрғонтеппа кор кардааст.

Солҳои 2002 – 2011 дар вазифаҳои Мудири нуқтаи ваколатдори №43-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва то мудири шуъбаи №43-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳри Қӯрғонтеппа кор кардааст.

Соли 2011 (01 – 04) Иҷрокунандаи мансаби сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлонро ба ӯҳда дошт.

Солҳои 2011 – 2012 дар вазифаи Муовини раиси Корхонаи истеҳсолии “Сафар-Г” оид ба иқтисодиёт дар шаҳри Қурғонтеппа кор кардааст.

Соли 2012 (09 – 11) Иҷрокунандаи вазифаи сардори бахши муҳосибии Палатаи
ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Солҳои 2012 – 2020 дар вазифаи Роҳбари Дастгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кор кардааст.

Аз моҳи июни соли 2020 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Забони русиро медонад.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима