Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                         АҲМАДЗОДА ФАЙЗАЛӢ
                                                   Муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 1970 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.
Соли 1991 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳисобдорӣ ва таҳлили фаъолияти истеҳсолоти кишоварзӣ хатм кардааст.
Cолҳои 1992 – 1993 дар вазифаҳои муҳосиби совхози “Теболай”-и ноҳияи Муъминобод ва муҳосиби бозори “Қара-боло”-и шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 1993 – 2001 дар вазифаҳои назоратчӣ – тафтишотчии калони Сарраёсати назорати давлатӣ ва тафтишотии молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2001 – 2007 дар вазифаҳои мутахассиси пешбар, сардори шуъба то вазифаи муовини сардори идораи Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2007 – 2012 дар вазифаҳои сармутахассис ва муовини сардори Раёсат дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2012 – 2020 дар вазифаи Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи июни соли 2020 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Забони русиро медонад.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима