Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                     ОДИНАЗОДА МАҲМАДӢ ГУЛ
                                                 Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 1964 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. 
Солҳои 1981 – 1982 дар совхози Кангурти ноҳияи Темурмалик кор кардааст. Солҳои 1982 – 1984 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хизмат кардааст.
Соли 1989 Донишкадаи аграрии Тоҷикистон (ҳозира – Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) – ро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва анализи фаъолияти хоҷагӣ дар хоҷагии қишлоқ хатм кардааст.
Солҳои 1990 – 1993 дар вазифаи Муҳосиби шуъбаи молияи хоҷагии ба номи И.Шарипови ноҳияи Темурмалик фаъолият намудааст.
Солҳои 1993 – 1995 дар вазифаи Муовини сармуҳосиби шуъбаи молияи хоҷагии ба номи И.Шарипови ноҳияи Темурмалик кор кардааст.
Солҳои 1995 – 2001 дар вазифаи Сармуҳосиби шуъбаи молияи хоҷагии ба номи И. Шарипови ноҳияи Темурмалик кор кардааст.
Солҳои 2001 – 2004 дар вазифаи Сармуҳосиби хоҷагии ба номи Шариф Қурбонови ноҳияи Темурмалик кор кардааст.
Солҳои 2004 – 2006 дар вазифаи Сармуҳосиби хоҷагии ба номи “Кароматулло”-и ноҳияи Темурмалик кор кардааст.
Солҳои 2006 – 2007 дар вазифаи ревизори Ҷамъияти дорои масъулияаташ маҳдуди “Аудит-Ҳақиқат” кор кардааст.
Солҳои 2007 – 2009 дар вазифаи Мутахассиси бахши назорати давлатии молиявии шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон кор кардааст.
Солҳои 2009 – 2014 дар вазифаи Мутахассис, мутахассиси пешбар ва сармутахассиси шуъбаи назорати сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2014 – 2018 дар вазифаи Муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи назорати соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати Раёсат оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, саноат, субъектҳои истеҳсолӣ ва моликияти давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2018 – 2019 дар вазифаи Сардори Раёсат оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, саноат, субъектҳои истеҳсолӣ ва моликияти давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи феврали соли 2019 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Забони русиро медонад.

 

 

Аксхо

 
Силкаҳои лозима