Ба тоҷикӣ | На русском | In English

Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                  РАҲМОНЗОДА ЗАФАР БОБОҶОН

                                                     Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон


Соли 1977 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.
Соли 1998 Донишкадаи тиҷоратии Тоҷикистонро бо ихтисоси “Молия ва қарз” хатм кардааст.
Солҳои 1999 – 2006 дар вазифаҳои мутахассис, сардори шуъбаи амалиётҳои дохилибонкӣ, муовини сармуҳосиб, сармуҳосиби Ҷамъияти саҳоми кушодаи “Кафолатбонк” дар шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 2006 – 2007 дар вазифаи сармуҳосиби Маркази идораи “Лоиҳаи ислоҳоти системаи маорифи Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Солҳои 2007 – 2008 дар вазифаи муҳосиби пешбар ва сардори шуъбаи муҳосибии маъмурӣ ва амалиётҳои бонкӣ дар Ҷамъияти саҳомии “Казкоммертсбонк Тоҷикистон”- и шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 2008 – 2011 Муовини Раиси Раёсати Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Кафолатбонк”-и шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 2011 – 2013 дар вазифаи Директори филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Кафолатбонк”- и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кордааст.
Солҳои 2013 – 2014 дар вазифаҳои сармутахассиси Раёсати назорати қарзҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои давлатӣ ва истифодабарии моликияти давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи назорати қарзҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории Раёсати назорати қарзҳои давлатӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои давлатӣ ва истифодабарии моликияти давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кор кардааст.
Солҳои 2014 – 2015 иҷрокунандаи вазифаи Муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи назорати фаъолияти сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Раёсат оид ба масъалаҳои назорати бонкҳои давлатӣ, фаъолияти сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
Солҳои 2015 – 2018 дар вазифаи муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи назорати фаъолияти сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Раёсат оид ба масъалаҳои назорати бонкҳои давлатӣ, фаъолияти сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2018 – 2019 дар вазифаи Сардори Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2019 – 2020 дар вазифаи Сардори Раёсат оид ба масъалаҳои назорати бонкҳои давлатӣ, фаъолияти сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз моҳи июни соли 2020 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Забони русиро медонад.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима