Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

Бо мақсади боз ҳам демократӣ кунонидани фазои сиёсӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 сол як маротибае дар мамлакат интихобот президентӣ баргузор карда мешавад. Аз рӯи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди аз 18 сола боло ҳуқуқ дорад, ихтиёран ба номзади дилхоҳи худ раъй диҳад, ки ин боз як нишонаи фароҳам овардани ҳисси озодӣ ба миллат мебошад.
11 – уми октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Овоздиҳӣ аз соати 6 субҳ оғоз шуда, 8 бегоҳ анҷом ёфт. Шаҳрвандон аз тамоми гирду гӯшаи ҷумҳурӣ ба участкаҳои интихоботӣ омада, ихтиёран ба номзади арзанда раъй худро пешниҳод намуданд. Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3375 участкаи интихоботӣ дар дохил ва 39 участкаи интихоботӣ дар хориҷи кишвар ташкил карда шуд. Шумораи интихобкунандагон 4 943 289 нафар ва шумораи онҳое, ки бори аввал овоз медиҳанд, 105 399 нафарро ташкил медод. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода тавре иттилоъ дод, дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор гардид, тибқи натиҷаҳои пешакии ҳисоби овозҳо 4 миллиону 221 ҳазору 76 нафар ё худ 85,39% интихобкунандагон иштирок карданд», илова намуд. Ҷараёни интихобтро 152 нозири байналмилалӣ аз мамлакатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва зиёда аз 15 ҳазор нозирони миллӣ аз ҷумҳурӣ назорат бурдаанд. Ҷараёни овоздиҳӣ дар фазои ором ва шаффоф сурат гирифт. Тавре маълум аст, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ 5 номзад сабқат дошт. Тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад танҳо дар сурати ба даст овардани на камтар аз 50 дарсади овозҳо пирӯз мешавад ва муддати 7 сол мансаби президентиро ишғол менамояд.
Субҳи 12 – уми октябр Коммисияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ оид ба натиҷаҳои пешакии интихобот иттилоъ дод, ки ба тарафдории номзад аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 миллиону 837 ҳазору 927 нафар ё худ 90,92% овоз додаанд.
Ҳамин тавр, номзад ва Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо касби бештари овозҳо дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 пирӯз гашт. Муваффақияти навбатии Эмомалӣ Раҳмон аз он шаҳодат медиҳад, ки хизматҳои содиқонаи чанд даҳсолаи охир баҳри таҳкими сулҳу осоиштагӣ ва ободию шукуфоии давлат, меҳру муҳаббати миллатамонро нисбати Пешвои маҳбубамон боз ҳам зиёдтар гардонидааст. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот нишонаи олии фарҳанги баланди сиёсиву мавқеи устувори шаҳрвандӣ, ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар ва саҳмгузории мардуми шарифи Тоҷикистон дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва суботи ҷамъиятиву сиёсии мамлакат арзёбӣ мешавад.

Аксхо

 
Силкаҳои лозима