Ташкилоти байналимилалии мақомоти олии назорати молиявии Осиё ASOSAI дар соли 1979 аз 11 мақомотҳои аъзо таъсис дода шуда, айни замон ба 46 аъзо афзоиш ёфтааст. Ташкилоти зикргардида, ташкилоти минтақавии INTOSAI мебошад. Мақсади асосии ин ташкилот, табодули таҷриба байни Мақомотҳои олии назорати молиявии давлатҳои аъзо ва дастгирии ташкилотҳои аудитӣ дар самти муайян ба ҳисоб меравад.
Сохтори ECOSAI:
1. Ассамблея мақоме мебошад, ки сиёсати ташкилоти ECOSAI-ро муайян менамояд ва аз роҳбарони Мақомотҳои олии назорати молиявӣ иборат мебошад. Ҷаласаи Ассамблеяи дар се сол як маротиба баргузор мегардад. Дар Ҷаласаи Ассамблея Президенти ташкилот роҳбари мекунад ва қарорҳои он бо овоздиҳии аъзоён қабул карда мешаванд. Ҳар як Мақомоти олии назорати молиявии аъзои ташкилот ҳуқуқи як овоз дорад.
2. Идоракунии Шӯро аз 5 аъзо иборат мебошад:
Вохӯрии Шӯрои роҳбарон дар як сол як маротиба пешбинӣ шудааст ва на кам аз 3 аъзо бояд дар ҷаласа иштирок намоянд. Шӯрои роҳбарон бояд қарорҳоро бо тарафдории аксарияти шумораи аъзоён ба таври овоздиҳӣ қабул кунад. Айни замон роҳбарии ECOSAI аз намояндагони Мақомотҳои олии назорати молиявии зерин иборат аст:
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 18-уми Шӯрои Роҳбарони Мақомоти олии назорати молиявӣ моҳи декабри соли 2013, дар Теҳрон, Ҷумҳурии Исломии Эрон аъзои Ташкилоти байналмилалии иқтисодии Мақомоти олии назорати молиявии ECOSAI шудааст.