Имсол 6-уми ноябр аз қабули санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – сол сипарӣ мегардад. Ин ҷашнро шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯҳияи баланди ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ватандорӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ дар муҳити созандаву бунёдкорӣ ва фазои озоди демократӣ истиқбол мегиранд.
Мебояд зикр намуд, ки ба даст омадани ин дастовард аз Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум сарчашма гирифта, он дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод. Яке аз музаффариятҳои муҳими он дар бахши қонунгузорӣ ин буд, ки барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол 6 ноябри соли 1994, ки аз тарафи мардуми шарафманди он бо роҳи раъйпурсӣ ба вуқуъ пайваст, дар таърихи навини кишварамон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз мавқеи махсусро касб намуд. Акнун муддати 30 - сол мешавад, ки дар кишвари мо 6 ноябр ҳамасола ҳамчун ид, яъне Рўзи Конститутсия қайд мегардад ва мардум ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсозро бо сарбаландӣ истиқбол мегиранд.
Бо қабули ин санади тақдирсози миллӣ, тоҷикон бори дигар ба аҳли башар собит намуданд, ки миллати тамаддунсоз ва фарҳанговар мебошанд, анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ғояҳои сулҳҷўёнаи гузаштагони худро пос медоранд.
Бо иқтибос аз суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад”.
Баъди қабули Конститутсия роҳу равиш ва сатҳи зиндагии мардум дигар гардида, халқи тоҷик бо талошҳои пайдарпаи Президенти мамлакат ба соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти ҳудудии мамлакат таъмин ва дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёр муаррифӣ шуд.
Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳо ва вазифаҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо дарназардошти дигаргуниҳои куллӣ дар дохили кишвар ва дар арсаи ҷаҳонӣ аниқтар шуданд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд.
Ҳукумати мамлакат дар ин самт бо роҳи пешбурди ислоҳоти соҳаҳои мухталиф ва амалисозии як қатор барномаву стратегияҳои давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, ба он муваффақ гардид, ки иқтисодиёти кишварро аз таъсири манфии омилҳои беруна ва буҳрони молиявии ҷаҳонӣ эмин нигоҳ дорад ва гузашта аз ин, давлату ҷомеаро ба маҷрои рушди бонизому устувор равона созад.
Адиб, риёзидон ва файласуфи шинохтаи фаронса Паскал Блез ҳанўз дар қарни XVII гуфта буд: «пешбинӣ кардан-маънии идора карданро дорад». Ин маънои онро дорад, ки роҳбари давлати тоҷикон Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахустини бунёди давлатамон дар ҳамбастагӣ бо мардуми кишвар ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, бо роҳи дурандешӣ, ояндабинӣ меъёрҳоеро ба он ворид намуданд, ки имрўз хушбахтона ба беҳдошти шароити иҷтимоиву иқтисодӣ, фазои тинҷиву оромӣ ва сулҳу ваҳдати миллии мардуми тоҷик оварда расонида, дар ҳаёти рӯзмараи кишварамон дигаргуниҳои куллиро ба вуқуъ пайвастааст.
Албатта агар мо хоҳем, ки дар ҷомеа, волоияти қонун, амну ором ва идорашаванда зиндагӣ кунем, бояд ҳама гуна чолишҳои зиндагонӣ ва таҳдидҳои ҷаҳони муосирро қаблан пешбинӣ намоем ва алайҳи онҳо сипари устувори маънавиро дар ҷомеаи худ мустақар созем. Маҳз бо ҳамин мақсад, дар таърихи давлатдориамон дар Конститутсия соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти ҳудудии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, тартиби ташкил, салоҳият ва мувозинати байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ифодаи конститутсионӣ ёфтаанд.
Вобаста ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва татбиқи сиёсати байналмилалӣ Президенти кишвар ҳамасола дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат изҳори андеша карда, барои рушди минбаъдаи кишвар дар назди вазорату идораҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас мегузорад.
Сарвари давлат барои ноил гардидан ба дастовардҳо такмил додани заминаҳои қонунгузорӣ ба муқарророти Конститутсия, ки онро муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва сарчашмаи қонунгузории кишвар мешуморад, зарур меҳисобад, ки ҳангоми қабулу ҷонибдорӣ кардани қонунҳо ва қарорҳо мақоми олии қонунгузории кишвар бояд, зарурат, аҳамият ва дурнамои амалишавии қонунҳои қабулшавандаро ба инобат гиранд.
Ҳамин буд, ки бо тақозои зиндагӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил ёфта, ба талаботи давру замон мувофиқ гардида истодааст. Ғайр аз ин, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва гузашти таърихи башарият падидаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои ҳуқуқӣ фаровонанд, ки вобаста ба эҳтиёҷоти ҷомеа амалӣ гашта, барои таъмини ҳадафҳои тараққиёт дар марҳилаи мушаххаси вақт поя ва асоси мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.
Бо ҳамин хотир, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрўз се маротиба яъне 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо ба рушду такомули давлату давлатдории миллӣ мусоидат намуданд.
Тағйироту иловаҳои ҷиддӣ вобаста ба ташкилу фаъолияти парлумони ҷадид ба боби сеюми Конститутсияи кишвар дохил карда шуда, моҳиятан он дар таҳрири нав қабул карда шуд. Тағйироту иловаҳои ин боб вазъи ҳуқуқӣ-конститутсионии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи нави мувофиқа ба моддаи 9 Конститутсия дигаргун сохт. Дар ин радиф тибқи моддаи 48 Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори ҷумҳурӣ, таркиби дупалатагии (думаҷлисаи) он муқаррар карда шуд. Маҷлиси Олӣ аз Маҷлиси миллӣ – палатаи намояндагии минтақаҳо ва ҳокимияти иҷроия, Маҷлиси намояндагон – палатаи касбӣ иборат гардид.
Ба андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Таъсис ёфтани парламенти думаҷлиса дар сохтори давлатдории мо дигаргунии бунёдӣ мебошад ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ имрўз ба яке аз рукнҳои боэътимоди мақоми қонунгузории кишварамон табдил ёфтаааст. Зеро мутобиқи Конститутсия аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ карда шудани қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон кафолати муҳими қабули қонунҳои мукаммал, босифат ва ҷавобгў ба манфиати мардум мебошад.”
Татбиқу қабули қонунҳои конститутсионӣ меҳнати пурзаҳмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди истиқрори сулҳ, ваҳдати миллӣ, таъмини амнияту оромӣ, адолати иҷтимоӣ, инкишофи иқтисод, боло бурдани сатҳи худогоҳии миллӣ ва ҳисси ватанпарастӣ, инкишофи фарҳанги миллӣ ва таърихи халқи тоҷик ба инобат гирифта, заминаҳои ҳуқуқии эълон намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат таъмин намуд.
Ҳамаи ин тағйиротҳо ба рушди минбаъдаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини шароити арзанда дар ҳаёти ҷомеаи навину демократии шаҳрвандони кишварамон нақши созгор гузошта, ба пешрафти фаъолияти Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Зеро мақоми мазкур дар заминаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар такмилу инкишофи қонунгузорӣ, идоракунии соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, роҳандозии ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат нақши шоиста ва беназир дорад.
Бешубҳа бояд зикр намуд, ки тағйиру иловаҳои воридгардида ба мукаммал гардидани меъёрҳои Конститутсияи мамлакат равона гардида, ба таҷрибаи ҷаҳонӣ ва стандартҳои байналмилалӣ ҳамрадиф буда, қадами таърихии санҷидашудаи ҳуқуқист, ки ҳадафи он дифо аз манфиатҳои халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад.
Зарурияти қабули тағйиру иловаҳоро як қатор олимону коршиносони кишвар иқдоми неки пайгирона хонда, онро ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, равандҳои демократисозии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон, кафолати риояву ҳифзи ҷомеа рабт донистанд.
Воқеан ҳам, мукаммалсозии меъёрҳои конститутсионӣ ба рушди устувору босуботи ҷомеа, инкишофи минбаъдаи ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шароити кафолати давлат мебошад. Ин ташаббуси қонунгузорӣ ба маърифати баланди ҳуқуқӣ ва фаъолнокии сиёсӣ ҷомеаи шаҳрванди мусоидат намуда, ҷанбаи илмиву мантиқӣ ва саривақтиву ҳадафмандонаро дар бар мегирад.
Хулоса, дар заминаи меъёрҳои Конститутсия сиёсати мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллат пояҳои ҳамбастагии халқу давлатро побарҷову пурқувват намуд, сафару сўҳбатҳои ҳамарўзаашон бо ҷамъияти кишвар боиси ташаббусҳои нав ба нави созандагӣ гашт ва ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат рушду такомули тоза бахшиданд.
Халқи бузургвори Тоҷикистон бо ҳидояти дурандешонаи Сарвари давлат, ки аз Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон манша мегирад, як фосилаи кўтоҳи замониро ба марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ мубаддал сохт, ки дастовардҳояш боиси ифтихору сарбаландии миллати тоҷик мебошад. Тоҷикистони азизи мо аз як кишвари дури дар канормонда, ба арсаи муносибатҳову муроқибатҳои ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Ҳамаи ин созандагию бунёдкориҳо, иқдому ташаббусҳои нек моро водор менамояд, ки вазифаҳои муқаддаси худро дар доираи меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории кишвар бо меҳнату заҳмати софдилона ва азму иродаи қавӣ иҷро намоем. Дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми арзишманд гузорем ва роҳи таърихии халқамонро, ки аз Истиқлоли Ватан ибтидо гирифтааст, сарбаландона идома диҳем.
Дар ин раванд кормандони Палатаи ҳисоб баҳри таҳкими қонуният, ҳифзи ваҳдати миллӣ, пешрафти рушди соҳаҳои мухталифи кишвар тамоми ваколатҳои бо қонун пешбинишударо дар доираи вазифаҳои хизматӣ амалӣ намуда, саҳми худро дар ташаккулу инкишофи давлати ҳуқуқбунёд, бахусус ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ва рушди босуботи мамлакат хоҳанд гузошт.
Шарифзода Шарифбек Мурод – сардори шуъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ