Аз 28 май то 6 июни соли равон коршиносони байналмилалӣ Назгул
Албанова аз Ташкилоти Рушди Интосай ва Томева Ваня аз Ширкати байналмилалии
Британияи Кабир “СИПФА” ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ҳузур оварданд.
Ҳадаф аз ташрифи онҳо ба Палатаи ҳисоби кишвар ин
роҳандозӣ намудани аудити молиявӣ ва мутобиқати таҷрибавӣ дар доираи нақшаи
чорабиниҳои “Лоиҳаи дастгирии муштараки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2023-2025” мебошад, ки айни замон дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва
нафақа идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба
Барномаи Ташаббуси ҷаҳонии масъулиятшиносии МОА аз соли 2020 инҷониб, шомил гардидааст.