logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Тағйироти кадрӣ дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

23-уми январи соли 2025 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии раиси Палатаи ҳисоб баргузор гашт, ки дар он Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва тамоми кормандони сохторҳои Палатаи ҳисоб иштирок намуданд.

Дар ҷаласа Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон қироат карда шуд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода ба фаъолияти чандинсолаи Чиллазода Қ. ба ҳайси раиси Палатаи ҳисоби кишвар, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамар баҳои баландро сазовор гаштааст, ба саҳми ҳамагон расонида ва ба корҳои минбаъдааш тансиҳатӣ, барору комёбиҳо орзу намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон аз кадрҳои  болаёқати соҳаи иқтисоду молияи кишвар  буда, то ин дам дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

 Дар ҷаласа таъкид гардид, ки барои сазовор ба боварии Роҳбарияти Олӣ ва  пешрафти давлату миллат содиқона минбаъд низ кормандон фаъолияти худро  ба роҳ монанд.

 


24.01.2025


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон
  • Истифодаи маълумотхои сомонаи расмии Палатаи хисоби Чумхурии
  • Точикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон -