logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Таҷлили Рӯзи Модар дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи Модар дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 6-уми марти соли 2025 дар Палатаи ҳисоб бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед коргарзанон ва дар симои онҳо, тамоми модарон ва бонувонро ба ин рӯзи муқаддасу пурифтихор табрику таҳният намуда, таманнои саломатӣ, хушбахтию хушҳолӣ ва рӯзгори босаодат орзу намуданд. 

Дар ҷарраёни чорабинии бошукуҳ қайд гардид, ки  оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи Модар – нишонаи сарсабзии зиндагонӣ ва бахту иқболи баланди инсонӣ мебошад.

     Ҳамчунин иброз намуданд, ки  ки 8 – март, яке аз зеботарин ҷашни  сол мебошад. Ин рӯзро ҳамаи мо бо як эҳсоси гарм ва хушҳоли пешвоз мегирем, зеро ин ҷашни хоси  модарон – тарбиятгарони насли башар, офарандагони  нуру зебогӣ ва покизагӣ маҳсуб меёбад.


Ҳастии башарият Зан – Модар аст, ки сарчашмаи меҳру муҳаббат, зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад.  Бузургии Зан – Модар дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, бахшандаи насл буда, бо як даст гаҳвораро ҷунбонад - бо дасти дигар дунёро меҷумбонад.

Зеро зан – модар табиатан офаранда, созанда, парваришгар, ҷомеасозу ояндасоз ва идомабахши ҳаёт мебошад.

 Модар барои инсон аз лаҳзаи ба дунё омадан то нафасҳои охирин такягоҳ, умед ва ҷонбахш ба ҳисоб меравад. 

Зан – модар дар ҳақиқат муқаддасу равшанкунандаи ҳаёти инсон дар ҷомеа мебошад. Ҳангоме, ки мо симои Модарро пеши назар меорем, аз вуҷудаш нур меборад. Ширинтарин ва лазизтарин сухане, ки ба забон меорем, ин Модар аст. Модаре, ки шабҳо дар бари гаҳвораи мо нишаста, алла мехонд, аз нотобии мо ранҷ мекашид, раҳпоӣ менамуд, мепухту мешуст, бо дастакони нармаш сари моро сила мекард.  Меҳри беҳамтои ӯ ба мисли Офтоби тобон аст, ки тамоми оламро нурпошӣ менамояд.

Ишқу муҳаббати Модар ба мисли чашмаҳои пурҷӯше аст, ки дашту биёбонро сарсабзу шукуфон менамояд. Модар чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт ва чароғи хонадон буда, барои тарбияи фарзанд масъул мебошад.

Танҳо бо меҳру муҳаббат, сухани нарму зебо ва ақидаҳои шоистаи модар фарзандон дуруст ба камол расида, обрӯю эътибори хонаводаро дар байни ақрабо, аҳли ҷомеа ва берун аз он баланд мебардоранд.

Сипас,  Шарифзода Ш., Раҳмонзода З. ва Мавлонзода В. маърӯза намуда, занону бонувонро  ба муносибати Рӯзи модар табрику муборакбод намуданд.  

Дар фарҷом ба муносибати бузургдошти Рӯзи Модар  аз ҷониби роҳбарият як қатор занону духтарони Палатаи ҳисоб бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

 

 

  Бахши иттиллоот ва кор бо ВАО


06.03.2025


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон
  • Истифодаи маълумотхои сомонаи расмии Палатаи хисоби Чумхурии
  • Точикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон -