Ҳар қадар фикр куни кори ҷаҳон бисёр аст,
Баъду неке, ки зи сар мегузарад даркор аст.
Бинобар ин зарур аст, ки мо дар баромади худ сарнавишти даврони Истиқлолияти давлатиро варақ занем ва ёдовар аз таърихи ин дастоварди бузурги миллӣ бошем.
Агар ба мазмун, моҳият ва хусусияти Истиқлолияти давлатӣ ба умқи андеша равем, бояд донем, ки Истиқлолият ба маънои сиёсӣ ва ҳуқуқии худ асоси комили давлат аст. Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш ва орзуи деринаи ҳар миллати озод мебошад. Истиқлолият механизми идоракунии давлат, ниҳоди амудии ҳокимият, ҳифзи баробарии ҳуқуқи инсонро таъмин менамояд.
Ин як калимаи муқаддас ва бузург мебошад, ки баъзе аз давлату миллатҳои гуногун солҳо боз кушиш менамоянд, ки баҳри ба даст овардани он ҳар он чизе, ки доранд, харҷ намоянд, вале мутаасифона боз ноком мегарданд ва орзуҳои худро ба олами хомӯшӣ мебаранд.
Истиқлолият калимаест, ки бо ҳеҷ иборае онро наметавон баён намуд, онро танҳо эҳсос метавон кард ва миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои миллатро таъмин менамояд.
Истиқлолият моҳияти ҳастии озоди инсонро ифода месозад. Имрӯз миллати мо аз он ифтихор дорад, ки соҳиби давлати мустақил аст, яъне ба Истиқлоли давлатӣ даст ёфтааст, давлати миллӣ ва соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додааст, ки дар арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи муайян пайдо кардааст.
Бояд донем, ки хусусияти муҳими таркибии давлат, ки мавҷудияти онро ифода мекунад, соҳибихтиёрӣ мебошад.
Натиҷаи соҳибихтиёрӣ таъсиси давлати миллист. Соҳибихтиёрии миллӣ ин ҳуқуқи миллат ба худмуайянкунии миллат аст. Танзими ҳуқуқии соҳибихтиёрӣ ба давлат имкон медиҳад, ки қонунгузории худро таъмин намуда, доираи салоҳияту ваколат ва вазифаи дигар унсурҳои системаи сиёсиро муайян намояд.
Ҳамин аст, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизи мо низоми қонунгузорӣ дар мамлакат инкишоф ёфт. Сандҳои ҳуқуқӣ дар заминаи муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ зина ба зина ба вуҷуд омаданд.
Мусаллам аст, ки бунёди давлати соҳибистиқлол бе заминаи қонунгузорӣ ҳеҷ аст. Дар оғози соҳибистиқлолӣ мамлакат, низоми қонунгузории кишвар хело заиф буд. Танҳо дар давраи солҳои 1995–2000-ум дар заминаи Конститутсияи нав 79 қонуни мукаммал, 5 қонуни конститутсионӣ ва 9 кодекс ҳамчун таҳкурсии меъёрии низоми босуботи ҳуқуқии кишвар таҳия гардида буд.
Имрӯз низоми мустақили ҳуқуқӣ кишваро 1 Конститутсия, 17 қонуни конститутсионӣ, 384 қонуни соҳавӣ, 23 кодекс, 17 қонуни авф, 2 қонуни авфи амвол ва 2 қонуни авфи шаҳрвандон бинобар қонунигардонии маблағҳояшон, 33 қонуни буҷет, 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 51 конвенсия, зиёда аз 1000 шартномаю созишномаҳои байналмилалӣ ва қариб 20 ҳазор қарорҳои Ҳукумат ташкил медиҳанд.
Ҳамагон шоҳиди онем, ки рӯзи 1 сентябри соли ҷорӣ, Сарвари давлат бахшида ба “Рӯзи дониш” барои баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ба воҳидҳои сохтории Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки дар муддати 6 моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Ин ҳам нишонаи соҳибистиқлолӣ ва соҳибдавлатӣ мебошад.
Дар ин замина дастовардҳое, ки халқи тоҷик ва тоҷикистониён дар тули 33-соли даврони соҳибистиқлолӣ ба даст овардаанд, ба ҳамагон рӯшан аст ва ниёз ба бозгӯйи онҳо нест.
Танҳо дар самти муносибатҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқ дорад, ба сифати субъекти мустақили ҳукуқи байналхалқӣ аз минбарҳои баланди он баромад намояд. Имрӯз 192 давлати дунё Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф кардааст ва бо 183 давлати ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудааст. Гузашта аз ин, бо 51 созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз он ҷумла бо ниҳодҳои молиявӣ ҳамкориҳои гуногунҷанбаро ба роҳ мондааст.
Ҳамкорони азиз, ҳамаи ин суханҳо ба он мақсад равона шудааст, ки имрӯз ватани мо дар остонаи љашни бузурги Истиқлоли давлатии Љумњурии Тољикистон ќарор дорад.
Ин санаи фаромӯшнопазири таърихӣ дар натиљаи талошњои доимии Сарвари давлат ва халќи Тољикистон аз 9 сентябри соли 1991 ба даст омадааст. Ҳамакунун 33 – сол мешавад, ки ин рӯзи мубораку фархундаро мардуми шарафманди Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомати хоса ва ҳисси баланди худшиносию худогоҳии миллӣ, њамчун давлати мустаќилу соњибихтиёр пешвоз мегиранд.
Савол ба миён меояд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо шаҳрвандони Тоҷикистон кадом вазифаҳоро гузоштааст. Истиқлолият пеш аз ҳама вазифаи басо пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамадин ҷавобгу ба орзу ормон ва манфиатҳои мардуми кишвар, инчунин эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт.
Бинобар ин, имрӯз ҳар дастоварде, ки дорем, аз худи мост. Аз ин лиҳоз, ман фикр мекунам, барои эмин нигоҳ доштани ин дастовардҳо, мо бояд ба хотири Ватан, Давлат, халқи Тоҷикистон ва Пешвои миллат, содиқона заҳмат кашем ва дар ин роҳ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем.
Олимону орифон шоирону бузургон ҳамеша дар асарҳои худ, оид ба давлату давлатдорӣ, мақом ва нақши ҳар як сарвари давлат ишора менамоянд.
Рӯйдодҳои ҷаҳони муосир ва рабту таъсири онҳо ба умури давлатдории тоҷикон тақозо менамояд, ки нақши шахсияти таърихӣ ва сарвари сиёсии Тоҷикистонро дар ин масир баён намоем.
Дар ин асос метавон хулоса намуд, ки бозгӯии нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу бақои истиқлоли давлатӣ ва таҳлили ҷанбаҳои сиёсии масъала дар шароити ҳассоси тағйироти геополитикӣ ва низоми давлатдорӣ аҳамияти рӯзафзун дорад.
Шахсият ва хусусиятҳои сарварӣ, малакаи идора намудани ҷомеа дар шароити гуногуни таърихию сиёсӣ, роҳҳои паси сар намудани мушкилиҳо, истифодаи технологияҳои гуногуни рафъи зиддияту ихтилоф, дарёфти механизмҳои ташкили ҳамкориҳои самарабахш бо олами беруна, қобилияти дарки низоҳои пайдошаванда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ яке аз натиҷаҳои баланди давлатдории Сарвари тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мебошад.
Дар мавриди он ки Пешвои миллат маҳсули як марҳилаи таърих, натиҷаи ҷонбозӣ ва аз худ гузаштанҳои шахсият дар давлатсозиву давлатдорӣ, инъикоси воқеияти ҷомеа ва эътирофи воқеии мардум аст, асоси воқеӣ дорад ва инро набояд фаромуш кунем. Таърихи давлатдориҳои ҷаҳони муосир ба монанади Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кам намунаҳое дорад, ки шахсиятҳои миллӣ ба хотири наҷоти кишвар ҷони хешро ба гарав ниҳода бошанд. Давлати худро аз сифр оғоз намуда, ин ватанро сохта бошанд. Ҳоло он, ки сохтани чунин як давлати мустақил, ягона, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ дар Тоҷикистон осон набуд.
Ҳамкорони азиз, ман бовар дорам, ки имрӯз миллати тоҷик бо дарназардошти пешравиҳои бемислу беназир, созандагию бунёдкорӣ ва ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ таърихи худро бо номи фарзанди бузурги фарзонаи миллат, ки дар роҳи наљоти кишвараш наќши њалкунанда дорад, пайваст медонанд.
Зеро пушида нест, ки дар бобати муваффаќ шудан ба Истиқлолияти давлатӣ, ризоияти миллї, сулњу вањдат, ќабули Конститутсия ва дигар дастовардњо сањми Љаноби Олї, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалї Рањмон беназир мебошад.
Нафаре, ки дар кишвар ва берун аз он маломат мезанад, ки Пешвои миллатро мо Пешвои миллат кардаем, ин асоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ надорад. Зеро Пешвои миллатро, худи Пешвои миллат, Пешвои миллат намудааст. Пешвои миллатро мактаби давлатдорӣ, сулҳофарӣ, ятимпарварӣ, роҳсозию бунёдкорӣ, ташаббусмандию хоксорӣ ва сознадагию фарҳангсолориаш Пешвои миллат намудааст.
Ҳамаи ин дар ќалби мардуми кишвар љои нотакрор ва сазовори худро ишѓол карда, яке аз асосњои дастгирї ва боварии халќ ба сиёсати пешгирифтаи роњбари мамлакат гардидааст. Ин садоќату самимиятро Президенти кишвар, Љаноби Олї, муњтарам Эмомалї Рањмон дар љараёни хидматњояш дар назди халќу Ватан барњо собит намудааст.
Бо назардошти шарафёб гардидан ба комёбиву дастовардњои назаррас ва бесобиќа мебояд, иқдому ташаббусҳои сатҳи олӣ ва симои таърихии абармарди тоҷик, яъне Пешвои миллатро фаромуш накунем.
Зеро барои тасвири симои шахсе, ки халқи зиёда аз ҳазор сол пароканда, аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати мустақил, соҳибистиқлол ва соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид намуд, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон ба кафи даст ба миллат сулҳу ваҳдат ва амният овард, қудрат ва сиёсатро дар хидмати инсон гузошт, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд, ҳатто садҳо рисолаву китобҳои бадеъию илмӣ навиштану эҷод кардан кам аст. Бинобар ин, миллати тоҷик ва мардуми шарафманди он ҳамеша ба сарвари маҳбубу қавииродаи худ ифтихор намуда, ба у саломатию умри дароз ва зиндагонии фароз мехоҳанд.
Имрўз, ки ин неъмати бебаҳо, Истиқлолияти давлатӣ насиби мо гардидааст зарур аст, ки онро бо тамоми њастии худ дифо намоем. Бо иқтибос аз суханҳои Сарвари давлат «Мањз ин неъмати бузурги худодод барои њар яки мову шумо имкон фароњам овард, ки номаи таќдири худро бо дасти худамон нависем ва ба хотири фардои ободу осудаи худ ва фарзандонамон зањмат кашем».
Бинобар ин, бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ва меҳанату ташаббусҳои беназири Пешвои муазами миллат аз Шумо ҳамкорони азиз ва мардуми шарафманди Тоҷикистон боварии комил дорем, ки барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон, барои таъмини сулҳу осоиштагии халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсоз, пайваста меҳнати содиқона ва заҳмати софдилона кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиамонро ободу зебо ва пешрафтаву нерӯманд гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем. Чунки ин ватан Ватани мо аст ва хоки онро ба ҳеҷ хоке баробар намекунем.
Истиқлолият неъмати бисёр азиз ва ширину ба ҷон баробар аст. Ҳар миллату ҳар давлат барои он мубориза мебарад, зеро истиқлол ифтихор, осоишу оромӣ, ормонҳои накукорию сари баланди ҳар як шаҳрванд мебошад” ва миллати тоҷик ин сарбаландиро бо худ дорад.
Хушбахтона имрӯз мо бо шарофати Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси давлатӣ комёб шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза, ба иттиҳоду якдилӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву хештаногоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ боз ҳам ниёз дорем.
Шарифзода Шарифбек
Сардори шуъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоб