23 - феврали соли ҷорӣ дар толори калон бо иштироки раиси Палатаи
ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед, сараудиторон ва ҷамъи кормандон бахшида ба рӯзи
таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед иштирокчиёнро
ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд карданд, ки хамасола
23 феврал рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар таҷлил
мегардад. Таъкид намуданд, ки ин рӯз яке аз санаҳои муҳими давлатӣ буда, рамзи ватандӯстӣ,
шуҷоат ва садоқат ба Ватан ва ин сарзамини аҷдодӣ, ба шумор меравад.
Инчунин, иброз гардид, ки ҳифзи Ватан қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд
аст. Ватан барои мо на танҳо як сарзамин, балки макони муқаддас, хонаи умеду орзуҳо
ва ояндаи дурахшон мебошад.
Аз замонҳои қадим фарзандони содиқи миллат барои ҳимояи марзу
буми худ ҷоннисорӣ кардаанд ва имрӯз низ сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ бо
садоқат ва бо дарки масъулияти баланди худшиносии миллӣ, хизмати худро иҷро намуда
истодаанд.
23 феврал рӯзест, ки мо бо эҳтироми хос ба ҳамаи онҳое, ки дар
сафи Артиши миллӣ хизмат мекунанд бо ифтихор ёдоварӣ намуда, изҳори сипос менамоем.
Онҳо ҳомиёни сулҳу оромӣ, амният ва истиқлоли давлатӣ мебошанд.
Ҷавонони имрӯз – муҳофизони фардои Ватананд. Аз ин рӯ, ҳар яки
мо бояд ҳисси масъулият, ватандӯстӣ, садоқат ва омодагӣ ба ҳифзи Ватанро дар дили
ҳар як ҷавони кишвар парвариш намоем.
Зеро танҳо бо иттиҳод, ваҳдат ва муҳаббат ба Ватан метавонем давлати
ободу пешрафтаи худро ба сӯи ояндаи дурахшон равона созем.
Дар ин рӯзи пурифтихор кормандони Палатаи ҳисоб Наҷмудинзода Х.
дар мавзуи “Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Артиши
миллӣ”, Файзиддинзода С., Тағойзода Д., бахшида ба таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пояи асосии давлатдорӣ маҳсуб мебошад, баромад намуданд.
Бахши
иттилоот ва кор бо ВАО-и
Палатаи ҳисоб