logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Сухани табрикотии Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қ. ба муносибати “30 – солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Сухани табрикотии Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қ. ба муносибати “30 – солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

“Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳар сол 6-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, ки аз ҷониби мардуми шарафманди кишвар бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини тоҷикон қабул гардидааст.

Ин дастоварди воқеан таърихӣ барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, таъмин гардидани суботи конститутсионӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Гузашта аз ин, қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид.

Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.

Аз ҷониби мардум дар вазъияти ниҳоят мураккаби сиёсӣ якдилона қабул гардидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз, пеш аз ҳама, гувоҳи аз ҷониби халқи Тоҷикистон дастгирӣ ёфтани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат буда, ба ҷаҳониён ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва анъанаҳои созандаву бунёдкорона доштани мардуми кишварро собит сохт.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳарчанд дар давраи бисёр ҳассоси таърихӣ таҳия ва қабул гардида бошад ҳам, тавонист дар қатори беҳтарин конститутсияҳои олам ҷой гирад. Зеро дар он давра кишвари соҳибистиқлоли ҷавони моро имтиҳонҳои басо сахту сангин дар пеш буд ва мардуми Тоҷикистон бо сарбаландӣ аз ин имтиҳонҳо гузашта, бо ҷоннисориҳои фарзандони шуҷои худ онро ҳифз намуданд.

Дар ин замина, бо қабули Конститутсия тоҷикон бори дигар ба аҳли башар собит намуданд, ки миллати тамаддунсоз ва фарҳанговар мебошанд, анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ғояҳои сулҳҷӯёнаи гузаштагонро пос медоранд. Дар ин хусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрики худ соли гузашта низ баён дошта буданд, «Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ намуда, истиқлолу соҳибихтиёрии давлатҳои дигарро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муайян карда, рушди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар идораи давлат кафолат медиҳад».

Ҳамин буд, ки баъди қабули Конститутсия сатҳи зиндагии мардум дигар гардид. Конститутсия, халқи тоҷикро бо талошҳои пайдарпайи Президенти мамлакат ба соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии мамлакат таъмин ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати комилҳуқуқ ва соҳиб­ихтиёр муаррифӣ намуд.

Бинобар ин, мо имрӯз дар Тоҷикистон бо шарофати қабули Конститутсия, истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардем.

Қабули Конститутсияи нав дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақсими ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, таъсиси ниҳоди президентӣ, парлумони дупалатагӣ ва Суди конститутсионӣ, инчунин бисёр равандҳои дигари сохтори давлатӣ, асосан унсурҳои пешрафтаи давлатдории кишварамон ба ҳисоб мераванд.

Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, дар як муҳлати кутоҳтарин бо қабули Конститутсияи нав ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани фаъолияти мунтазами босамари рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагии сокинони мамлакатро бамаротиб баланд бардорад.

Имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи устувори созандагиву рушд қарор дорад. Мардуми шарифи кишвар дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, баҳри расидан ба ҳадафҳои миллии стратегии кишвар бо қадамҳои устувор ба пеш мераванд.

Рушди конститутсионӣ собит менамояд, ки ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар берун аз меъёрҳои Конститутсия наметавонад орому пурмаҳсул ҷараён гирад.

Аз ин лиҳоз, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонун вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳо ва шаҳрвандони мамлакат мебошад.

Дар интиҳои сухани хеш, Раиси Палатаи ҳисоб таъкид намуданд, ки  Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои Конститутсия, дигар қонунҳо ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонӣ намуда, баҳри таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни кишвар ваколатҳои бо қонун пешбинишударо дар соҳаи молияи давлатӣ ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷети давлатӣ дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ менамояд.

Бори дигар ҷашни муқаддасу бузурги Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, фараҳу шодмонӣ, рӯзгори осуда ва иқболи нек орзумандам.

 


12.11.2024


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -