Имрӯз дар
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд
бардоштани қобилияти кории хизматчиёни давлатӣ ва рушди варзиш, машғулияти оммавии тарбияи ҷисмонӣ
баргузор гардид.
Дар ин
чорабинии варзишӣ роҳбарият ва тамоми кормандони Палатаи ҳисоб фаъолона иштирок
намуданд. Чорабиниҳои мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати
оммавигардонии варзиш ва солимгардонии ҷомеа ташкил карда шуд.
Барномаи
машғулият аз машқҳои пагоҳирӯзии бадангармкунӣ ва давидан ба масофаҳои кӯтоҳ
иборат буд. Чунин ташаббусҳо барои пешгирии хастагии ҷисмонии кормандони
дастгоҳ, ки аксари вақти кориро паси миз мегузаронанд, устувор намудани солимии
онҳо ва чиҳу чолок нигоҳ доштани бадан кӯмак мерасонад.
Роҳбарияти
Палатаи ҳисоб таъкид намуд, ки баргузории чунин машғулиятҳои варзишӣ минбаъд
низ дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба таври мунтазам роҳандозӣ мегардад. Варзиш на танҳо кафолати саломатӣ,
балки омили муҳими баланд бардоштани рӯҳияи дастаҷамъӣ ва самаранокии фаъолияти
кории кормандон мебошад.