Санаи 8 июни соли 2026 дар толори
маҷлисгоҳи Палатаи ҳисоб бо иштироки раиси Палатаи
ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Ҷамшед, намояндаи Кумитаи дин,
танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомот, ҷаласаи омӯзишӣ, доир ба шарҳи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин дар муносибат ба нақши иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии экстремизм баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳлили ҳамаҷонибаи ин ҳуҷҷати стратегӣ ва муайян намудани вазифаҳои созмонҳои динӣ дар таъмини амнияти миллӣ, устувории сохти дунявӣ ва ҳифзи ҷомеа аз ғояҳои тундравӣ ба шумор меравад.
Дар рафти ҷаласа намояндаи Кумитаи дин, танзими ҷашну маросими
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, роҷеъ ба шарҳи Консепсияи
сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин дар муносибат ба нақши
иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии экстремизм мулоҳизаҳои худро баён дошт.
Консепсияи мазкур, иттиҳодияҳои диниро
ҳамчун шарики муҳими давлат дар муборизаи идеологӣ бар зидди ифротгароӣ устувор
мегардонад.
Вазифаи асосии ин созмонҳо
пешгирии хурофот, аз байн бурдани радикализм, тарғиби таҳаммулпазирии мазҳаби
ҳанафӣ ва дур нигоҳ доштани дин аз сиёсаткунонӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки маҳз маърифати солим, ватандӯстӣ ва ҳисси худшиносиву
худогоҳии миллӣ метавонад сипари асосӣ дар баробари таблиғоти гурӯҳҳои
экстремистӣ дар фазои интернетӣ бошад.
Роҳбарияти Палатаи ҳисоби
Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки
шарҳ ва татбиқи амалии ин Консепсия барои таҳкими маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва бунёди
давлати дунявӣ ва муосир заминаи мустаҳкам мегузорад.
Гуфта шуд, ки мақоми олии аудити
кишвар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт комилан
дастгирӣ намуда, ҷиҳати пешгирии хатарҳои муосир саҳми худро шоҳад гузошт.