Санаи 19 августи соли ҷорӣ, вохӯрии сеюми Кумитаи кории муваққатӣ “Оид ба ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои
молиявии Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид.
Дар кори он кормандони масъули Палатаи ҳисоб тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар аснои вохӯрӣ табодули афкор вобаста ба шумора, муҳлат ва ваколатҳои
мақоми ваколатдор,
принсипҳои ҷойивазкунии
роҳбар ва аъзоён Гурӯҳи аудиторӣ ва мавзуи аудити Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардид.
Инчунин вобаста ба бартараф намудани ҳолатҳои духурагӣ, оид ба
амалигардонии санҷишҳои фаъолияти молиявию
хоҷагидорӣ ҷонибҳо ибрози андеша намуда, гузаронидани аудитро аз ҷониби Мақоми олии аудит мувофиқи мақсад шумориданд.
Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори Палатаи ҳисоби Федератсияи Россия минбаъд гузаронидани аудити Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз ҷониби ниҳодҳои олии аудити давлатҳои аъзо роҳандозӣ хоҳад гардид.
Бахши иттилоот ва кор бо ВАО