logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Санаи 18 июли соли равон ҷаласаи навбати ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб баргузор гардид.

Санаи 18 июли соли равон ҷаласаи навбати ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб баргузор гардид.

Санаи 18 июли соли равон  ҷаласаи навбати ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раис муҳтарам Ҷамшед Каримзода баргузор гардид.

Тибқи рӯзнома дар ҷараёни ҷаласа оид ба натиҷаи чорабиниҳои аудитории Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва як қисм сохторҳои он дар давраи аз моҳи майи соли 2023 то моҳи июни соли 2025,  филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Хуҷанд дар давраи аз моҳи январи соли 2024 то моҳи июни соли 2025 ва Филиали Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан дар давраи аз моҳи январи соли 2024 то моҳи майи соли 2025 сараудитор Мирзозода А маърӯза намуданд.

Дар аснои баррасӣ шафофияти истифодабарии маблағҳои  давлатӣ ва зимни гузаронидани чорабиниҳои аудиторӣ дар масъалаи сарфакорона истифодабарии қувваи барқ ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ ва пешгирӣ аз талафоти он аз ҷониби раиси Палатаи ҳисоб Ҷамшед Каримзода дастурҳои мушахас вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дода шуд.

Ҳамчунин дар идомаи ҷаласа  хулоса  оид ба натиҷаи аудит мустақили беруна вобаста ба баҳодиҳӣ ба иҷрои қисми даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 дар Хадамоти гумрук мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Роҳбарияти Палатаи ҳисоб таъкид намуданд, баҳри иҷрои вазифаҳои дар пеш истода содиқона ва дилу нияти пок дар самти ғанӣ гардонидани буҷети давлат корбарӣ намуда, касбият риоя карда шавад.

Аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Бахши иттиллоот ва кор бо ВАО 


18.07.2025


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -