logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Рӯзи Парчами давлатӣ дар Палатаи ҳисоб

Рӯзи Парчами давлатӣ дар Палатаи ҳисоб

22 ноябр дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва ва кормандони зерсохторҳои Палатаи ҳисоб баргузор гардид.

Зимни суханони табрикотӣ қайд намуданд, ки Парчам, Нишон ва Сурудӣ мимллӣ ҳамчун рамзҳои асосии давлатдорӣ,  нишонае аз соҳибихтиёрӣ ва осудагии сокинони кишвар ва сохибихтиёрӣ буда, барафрохтани он дар маросимҳои сиёсӣ, фарҳангӣ варзишӣ ва байналмилалӣ ифтихор аз давлатдорӣ ва муаррифгари давлату миллат ҳисобида мешавад.

Таъкид гардид, ки Парчами давлати  соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд ва мо бояд зери ин Парчам муттаҳид бошем.

Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони иттиҳоду иттифоқии сокинони кишвар, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ  ва муқаддасоти миллиро ифода менамояд. Гуфта шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардида, се рукни муҳими давлатдории имрӯза , яъне таҳкими пояҳои Истиқлол, қабули Парчами давлатӣ ва ба мақоми роҳбарии Тоҷикистон расидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як вақт, зимни баргузории  иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастааст.

Ба фаъолияти давлатдорӣ шурӯ кардани Президенти кишвар аз адои савганди садоқат зери ҳамин Парчам оғоз ёфта, барқарории сулҳу суббот дар саросари ватани азизамон ва дигар музаффариятҳои минбаъдаи мардум, аз ҷумла бунёди нақбу роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳан, бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳҳои хурду бузург ва дигар бунёдкориҳову созандагиҳо зери ҳамин Парчам идома доранд.

Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва садоқат ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳамасола дар сартосари ватани азизамон Тоҷикистон ин сана бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар идомаи чорабинии тантанавӣ кормандону мутахассисони Палатаи ҳисоб доир ба Рӯзи Парчами давлатӣ суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш қайд гардид, ки Ватан, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣдар вуҷуди ҳар инсони худшинос беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз ватандориро фаро мегирад, ки албатта ин вожаҳо дар қалби ҳамагон ҳисси ифтихори миллӣ, садоқат ва масъулиятшиносиро дучанд менамояд.

Парчамат ҳамеша  бодо парафшон Тоҷикистони гулафшон!


22.11.2024


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -