Сиёсати ҷавонон яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ буда, нақши онҳо дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мамлакат назаррас арзёбӣ мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил дода, Ҳукумати мамлакат ба ин қишри аҳолӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда ва онҳоро дар ҳама самтҳо дастгирӣ менамояд.
Ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат хоса Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлол, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори давлатҳои мутараққӣ сафарбар менамояд.
Имрӯзҳо ҷавонони тоҷик бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳиби илму фарҳанг ва донишу тахассуси баланд гардиданд ва як қисме аз онҳо дар Донишгоҳҳои кишварҳои Аврупову Амрико ва Русия таҳсили худро идома додаистодаанд.
Қисме аз ҷавонон то имрӯз дар пешрафти соҳаи варзиш, илму фарҳанг, технологияи коммуникатсионӣ саҳми назарраси худро расониданд. Махсусан заҳмату талошҳои ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи варзиш солҳои охир натиҷаҳои неки худро ба бор овард.
Ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд ва медалҳои зиёдро соҳиб гашта, обрӯйи Ватани худ Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоштанд.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва амалӣ гардидани барномаҳои гуногуни давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонон, фароҳам овардани шароити арзандаи илмомӯзӣ, таъсиси квотаҳо ва стипендияҳои Президентӣ, бунёди муассисаҳои варзишиву фарҳангӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва боз садҳо имкониятҳои гуногуне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонону наврасон фароҳам оварда шудааст шаҳодат аз он медиҳад, ки имрӯз, таваҷҷуҳ ва боварии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ояндасози ҷомеа зиёд буда, ояндаи дурахшони мамлакат дар рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои давлатдорӣ, боз ҳам баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум аз ҷавонон вобастагии калон дорад.
Масъули бахши
иттилоот ва кор бо воситаҳои
ахбори оммаи Раёсати стандартҳо,
таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои
байналмилалӣ
Наҷмуддинзода Х. М.