logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои қабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Натиҷагири аз ҷамъбасти фаъолияти Палатаи ҳисоб дар панҷ моҳи соли 2026

Натиҷагири аз ҷамъбасти фаъолияти Палатаи ҳисоб дар панҷ моҳи соли 2026

Санаи 01 июни соли 2026 фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи панҷмоҳаи соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед натиҷагири гардид, ки дар кори он бо ҷонибдории аъзои ҳайати мушовара шаш масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, барои давраҳои минбаъда вазифагузорӣ карда шуд.

Раиси мақоми олии аудити кишвар муҳтарам Каримзода Ҷамшед ҷаласаро оғоз бахшида, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро нахуст ба иҷрои сифатнок ва саривақтии талаботи қонунгузорӣ ва дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 16 уми декабри соли 2025 бармеоянд ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки мақоми олии аудити кишвар яке аз рукунҳои муҳими ҳифзи манфиатҳои давлат ва миллат буда, кормандони ин ниҳоди олӣ пеш аз ҳама барои таъмини шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва самаранокии идоракунии молияи давлатӣ масъулияти баландро бар уҳда доранд.

Сипас, муовини раиси Палатаи ҳисоб Аҳмадзода Ш А оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти олии аудити кишвар дар панҷ моҳи соли 2026, масъалаҳои муваззафгардида ва вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ҳисобот доданд.

Дар ҷарраёни натиҷагирии ҷаласаи имрӯза қайд гардид, ки дар ин давра тибқи Нақшаи чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб барои соли 2026 таҳия ва мавриди корбарӣ қарор гирифта вобаста ба бандҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Дар ҳамин давра бо мақсади таъмини арзёбии саривақтию сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷетӣ Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 38 чорабиниҳои аудиторӣ гузаронид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16 чорабинӣ кам мебошад.

Қайд кардан зарур аст, ки вайронкунии қойдаҳои молиявӣ ба маблағи 288,4 млн. сомонӣ муайян карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта (161,8 млн. сомонӣ) ба маблағи 110,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Иброз гардид, ки аз маблағҳои муайянкардашуда вайронкунии низоми молиявӣ ба маблағи 272,7 млн. сомонӣ ва вайронкунии хусусияти расмидошта 15,7 млн. сомониро ташкил менамояд.

Тибқи таснифи вайронкунии қоидаҳои молиявӣ аз рӯйи вайронкунии қоидаҳо вобаста ба ташаккул ва иҷрои буҷети давлатӣ дар 905 ҳолат 17,6 млн. сомонӣ, вайронкунии қоидаҳо вобаста ба пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ дар 2646 ҳолат 249,7 млн. сомонӣ, вайронкунии қоидаҳо дар соҳаи идоракунӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ дар 347 ҳолат 197,8 ҳазор сомонӣ, вайронкунии қоидаҳо дар фаъолияти бонкҳои давлатӣ 1 ҳолат ба маблағи 77,7 ҳазор сомонӣ, вайронкунии қоидаҳо дар соҳаи сохтмон дар 290 ҳолат 5,0 млн. сомонӣ ва дигар вақронкунии қоидаҳо 1 ҳолат ба маблағи 14,2 ҳазор сомонӣ мебошад. Вобаста ба вайронкунии хусусияти расмидошта дар 51 ҳолат 15,7 млн. сомониро ташкил намудааст.

Қайд гардид, ки оиди бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида, чораҳои мушаххас андешида шуда, вайронкунии қоидаҳои молиявӣ ба маблағи 157,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба суратҳисоби андухтии КВД БА ҶТ “Амонатбонк” 76,2 млн. сомонӣ, ба корхонаҳо 3,8 млн. сомонӣ, ба дигар суратҳисобҳои дахлдор 1,1 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби бақияпулиҳои солҳои қаблӣ 76,8 млн. сомонӣ барқарор карда шуд, ки 57,9 фоизи маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявиро ташкил медиҳад.

Инчунин, аз ҳисоби бақияпулиҳои дар 5 моҳи соли 2026 ба вуҷуд омада, ки 235,2 млн. сомониро ташкил намудааст, то ҳол 35,8 млн. сомонӣ ба суратҳисоби андӯхтӣ ва 550,0 ҳазор сомонӣ ба корхона барқарор карда шудааст.

Аз ҳисоби бақияпулиҳои соли 2025 бавуҷуд омада, ки 360,3 млн сомониро ташкил менамояд, давоми 5 моҳ ба маблағи 83,8 млн. сомонӣ барқарор карда шуд, ки ба ҳолати 01 июни соли 2026 бақияпулиҳои барқарор нагардида 475,5 млн. сомониро ташкил менамояд.

Тибқи қоидаҳои муқарраршуда дар ин давра аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб 24 мавод ба маблағи 211,9 млн. сомонӣ барои чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, аз ҷумла ба Прокуратураи генералӣ 16 мавод ба маблағи 15,8 млн. сомонӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 6 мавод ба маблағи 115,7 ҳазор сомонӣ ва ба мақомоти судӣ як мавод ба маблағи 196,0 млн. сомонӣ ирсол карда шудааст.

Ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 8 хулоса ва мактубҳои ахборотӣ бо 397 тавсияҳои судманд ирсол карда шуда, аз баррасии онҳо 12 қарору фармонҳо қабул гардида, 29 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуданд.

Дар ин давра 16 ҷаласаи ҳайати мушовараи Палати ҳисоб гузаронида шуда, дар он 111 масъалаҳо, аз ин 56 хулосаи аудиторӣ ва 55 масъалаҳои дигар баррасӣ карда шуда, аз натиҷаи он қарору фармоишҳои дахлдор қабул карда шудааст.

Вобаста ба натиҷаҳои нишондодашуда раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед таъкид намуданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳои ба зимма гузошташуда, таъмини иҷрои саривақтиву сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва таъмини амнияти иқисодии давлат, ҳамчунин иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода намуда, пешгирӣ намудани амалҳои ғайриқонунӣ, тасарруфи маблағу амволи давлатӣ ва таъмини истифодаи мақсадноку шаффофи буҷети давлатӣ, минбаъд низ тамоми қувваю воситаҳо ва захираву имкониятҳои дар ихтиёр доштаро ба таври самаранок истифода баранд ва баҳри иҷрои онҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи сараудиторон, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мустақил вобаста ба фаъолияти панҷмоҳа шунида шуд.

Дар фарҷоми ҷаласаи мазкур раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед оиди суръат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, тақвияти аудити экологӣ ва масъалаи назарсанҷӣ ва таъмини нақшаи чорабиниҳои аудити экологӣ дастуру тавсияҳо доданд.


02.06.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -