Ҳамкорони азиз, ҳамаи Шуморо ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ 33 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Имрӯз ватани мо дар остонаи ҷашни бузурги Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин санаи фаромӯшнопазири таърихӣ дар натиҷаи талошҳои доимии Сарвари давлат ва халқи Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 ба даст омадааст. Ин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» №392 дорои истиқлолии воқеӣ ва комил гардид.
Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи кишвар мебошад.
Тоҷикистони азизи мо баъди эълони истиқлолият роҳи бунёди давлатдории навини миллиро пеш гирифт ва дар шароити бисёр ҳассосу фоҷиабор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ соҳиби рамзҳои давлатӣ гардид, ки муаррифгари давлати тозаистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ ва боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошанд.
Ин дастоварди муқаддастарин ва бузургтарини халқи Тоҷикистон пеш аз ҳама, аз таҳким ёфтани низоми сиёсӣ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногун ва демократикунонии минбаъдаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, боло рафтани шуури ҷамъиятӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат шаҳодат медиҳад.
Хотирнишон месозам, ки роҳи дар муддати беш аз се даҳсола тайкардаи мо пур аз пастиву баландиҳо буда, мардуми шарифи Тоҷикистон тавонистанд истиқлоли давлатии худро аз фитнаву дасисаи бадхоҳони дохиливу хориҷии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон содиқона ҳифз намоянд, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар кишвар барқарор созанд.
Яъне тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд тавонистанд, ки монеаву мушкилоти эҷодкардаи душманони худро бо азми қавӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф карда, дар рӯзҳои хеле душвору сарнавиштсоз зери парчами истиқлолу озодӣ муттаҳид гардида, давлати хешро ба рӯзҳои осудаву обод расонанд.
Имрўз дар бобати муваффақ шудан ба Истиқлолияти давлатӣ, ризоияти миллӣ, сулҳу ваҳдат, қабули Конститустия ва дигар дастовардҳо бояд махсусан саҳми Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таъкид намоем, зеро Роҳбари давлат дар нахустин суханронии хеш дар Иҷлосияи 16-ум иброз намуда буданд, ки «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард».
Ҳатто дар он лаҳзаҳо зикр намудаанд, ки барои ба даст овардани оромию соҳибистиқлолии кишвар омодаанд, ҷони худро нисор намоянд.
Бо ифтихор бояд иброз намоем, ки маҳз суханрониҳо ва фаъолияти амалии Сарвари давлат дар он давра дар қалби мардуми кишвар ҷои нотакрор ва сазовори худро ишѓол карда, яке аз асосҳои дастгирӣ ва боварии халқ ба сиёсати пешгирифтаи роҳбари мамлакат гардиданд.
Талошу ташаббусҳои пай дар пайи созандаю бунёдкоронаи Президенти кишвар ба пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангию маънавии мамлакат нақши арзишманд гузошта, тавваҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намуда, таҷрибаи мактаби давлату давлатдорӣ ва сулҳофарии комилро ба дигар давлатҳо боқӣ гузоштааст.
Аз ин рў, имрўз, ки ин неъмати бебаҳо насиби мо гардидааст зарур аст, ки онро бо тамоми ҳастии худ дифоъ намоем. Зеро Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ беҳуда нагуфтаанд, ки “Маҳз ин неъмати бузурги худодод барои ҳар яки мову шумо имкон фароҳам овард, ки номаи тақдири худро бо дасти худамон нависем ва ба хотири фардои ободу осудаи худ ва фарзандонамон заҳмат кашем. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳамаи камиву костагиҳо ва мушкилоти зиндагӣ дар муқоиса бо неъмати истиқлолу озодӣ ҳеҷанд...
Зеро миллате, ки истиқлолу озодӣ дорад ва ихтиёри давлатдорӣ дар дасти худаш аст, имконият ҳам дорад, ки масъалаву мушкилоти зиндагиро худаш ҳаллу фасл намояд».
Ҳамин аст, ки дар зарфи беш аз се даҳсола мардуми мо тавонистанд, ки беҳтарин арзишҳои миллии худро зинда созанд, худшиносиву худогоҳии миллиро ба пояи баланд бардошта, на танҳо фарҳанги беназири худро эҳё намоянд, балки онро ба талаботи давлатдории навини худ ва ба воқеияти ҷаҳони муосир мутобиқ сохта, дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Тоҷикон на танҳо миллати таърихан шаҳрсозу шаҳрнишин мебошанд, балки ҳамчун пешқадамони тамаддуни заминдорӣ ва кишоварзӣ эътироф шудаанд.
Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо ислоҳоти куллии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ислоҳоти замин амалӣ гардида, фаъолияти соҳа ба шароити даврони муосир мутобиқ гардонида шуд.
Имрӯз боғу киштзорҳои сарсабзе, ки бо заҳмати кишоварзон ва соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ бунёду обод шудаанд, на танҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми бузург мегузоранд, балки ба сарзамини биҳиштосои мо ҳусни тоза мебахшанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди саноат ва гузаштан аз модели аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар низ ҳадафи дигари стратегии миллӣ эълон гардид.
Бо мақсади амалӣ намудани ин ҳадаф дар мамлакати мо то имрӯз садҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд шудаанд ва сохтмони боз садҳо иншооти истеҳсолӣ идома дорад.
Ин раванд, илова бар ин ки саноатикунонии босуръати кишварро таъмин менамояд, боиси ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ мегардад, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ саҳми бузург ба ҳисоб меравад.
Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди давлати соҳибистиқлоли худ даҳҳо иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла ду неругоҳи азим бунёд карда, ҳазорҳо мегаватт иқтидорҳои иловагиро ба кор андохт, илова ба иншооти бузурги аср – неругоҳи барқи обии «Роғун» неругоҳҳои барқи обии амалкунандаро таҷдиду азнавсозӣ намуданд ва тасмим гирифтанд, ки дар ояндаи наздик боз як ҳадафи стратегии миллӣ – истиқлоли энергетикии кишварамон таъмин гардад.
Дар ин росто, ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳоро тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳид ва кишвари транзитӣ табдил ёфт, яъне онро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, ҳадафи стратегии дар ин самт эълонкардаи Сарвари давлат иҷро гардид.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускору пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба обу иқлим эътироф гардидааст.
Боиси ифтихори ҳар як тоҷик аст, ки то ба ҳол панҷ ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне Созмони Милали Муттаҳид дастгириву ҷонибдорӣ ёфта, дар миқёси сайёра амалӣ гардида истодааст.
Тавре борҳо Пешвои миллат таъкид намуданд, Мо бояд доим сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем ва ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро ба хотири рушди давлатамон ва ободии сарзамини аҷдодиамон равона созем.
Муҳимтарин нишонаи ватандӯстии ҳар як фард ифтихор аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва талош ба хотири таҳкими минбаъдаи онҳо мебошад.
Ҳар шахсе, ки худро соҳибватан медонад ва мафҳумҳои истиқлолу озодиро муқаддас мешуморад, бояд ҳамаи андешаву амали худро ба он равона созад, ки омодагӣ ба ҳар як ҷашни истиқлол, бахусус, 35-солагии ин рӯйдоди сарнавиштсоз ба марҳалаи нави болоравии эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва вусъати созандагиву ободкорӣ мубаддал гардад.
Мо бояд паҳлӯи сарвари давлат устувор рост истода, ҳама якҷо, бо иттиҳоду сарҷамъии хурду бузурги мамлакат ва бо заҳмати созанда кишвари азизамонро дар ояндаи наздик аз имрӯза дида ободу зебо ва давлати соҳибистиқлоламонро неруманду пешрафта гардонем, нуфузу обрӯйи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Бори дигар ин ҷашни муқаддасу бузурги истиқлоли давлатиро ба ҳамаи Шумо ва наздиконатон самимона табрик гуфта, фараҳу шодмонӣ, рӯзгори осуда ва иқболи нек орзу менамоям. Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамкорони азиз!
Бо эҳтиром,
Раиси Палатаи ҳисоб Чиллазода Қарахон