logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Машғулияти омӯзиши идоравии хизматчиёни давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулияти омӯзиши идоравии хизматчиёни давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 16 марти соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Палатаи ҳисоббо иштироки роҳбарият ва тамоми хизматчиёни давлатии мақоми олии аудити кишвар машғулияти омӯзиши идоравӣ, баргузор гардид, ки дар он намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Юсуф иштирок намуданд.

Дар рафти баргузории он дар мавзуъҳои “Таҳлили вазъ, омилҳо ва манбаъҳои таҳдиди экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ”, мазмун ва моҳияти Стратегияи пешгирии экстримизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” муҳттарам Юсуфзода Юсуф баромад намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи он эҳсос менамояд ва нақшиҳар як мақомот дар пешгирии равандҳои тундгароӣ, таҳияи татбиқи механизмҳои барномаҳои давлатӣ дар самти мубориза боэкстремизм ва терроризм, инчунин, ташкили таҳияи модулҳои омӯзишӣ ва баргузории тренингҳо дар самти мубориза баэкстремизм ва терроризм мавқеи назаррас дорад.

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки ҳадафи ҷамъомад ва ҳамоиши омӯзишӣ ин баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи хатару таҳдидҳои нав вобаста ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он мебошад.

Иштирокдорон фикру андеша ва тавсияҳои худро барои тақвияти чораҳои пешгирии экстремизм ва терроризм байён намуда,таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи “Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин, қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронсу ҳамоишҳо ва чорабиниҳои дигари иттилоотию омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳиро бо ҷалби коршиносон, зиёиёни эҷодкор, мақомоти давлатии масъул, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мегузаронад.

    Ҳадаф ва самти асосии он ба пешгирии экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, нигаронида шудааст.

 Таъкид гардид, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд иштирокчии фаъол дар пешгирии экстремизм ва терроризм буда, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Дар пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб фаъол буда, оғоз аз тарбияи фарзандон дар оила ва беруназ он ҳамсояҳо ва дар ҷомеа бояд саҳмгузор бошанд.

 

Бахши иттилоот ва кор бо ВАО-и

Палатаи ҳисоб


18.03.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -