Мусаллам аст, ки ба ифтихори 30 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 - декабри соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соли 2024 дар мамлакат эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ба имзо расид.
Ин иқдоми навбатии пайгиронаи Пешвои муаззами миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, руҳияи эҳтиром ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба хусус Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккул додани шуури ҳуқуқию ахлоқии ҷомеа равона гардидааст.
Бояд қайд намоем, ки маърифати ҳуқуқӣ ин чораҳои муҳимми танзимкунандаи рафтор ва фаъолияти шахс дар ҷомеа мебошад. Он баҳри таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.
Маҳз дараҷаи донишҳои ҳуқуқӣ, фарҳанги риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи санадҳои қонунгузорӣ сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеаро муайян менамояд.
Савол ба миён меояд, ки маърифати ҳуқуқӣ чист?. Ин пеш аз ҳама эҳтиром ва риояи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунандаи мамлакат мебошад. Агар содда карда гуем – дар заминаи ақли инсон, шуъур ва рафтору муносибати он ҷой доштани одоб, маданият, фарҳанг, тарбия, ахлоқи баланди ҳамида ва ғайра мебошад, ки ҳангоми суҳбат, машварат, ҳаракат, муносибатҳои корӣ, оиладорӣ, меҳмондорӣ, воситаи нақлиёт, истифода аз ҳамом, ҳоҷтхона, ошхона, варзишгоҳ, раванди машғулияти таълимӣ, маҷлису ҷамъомадҳои оммавӣ ва ғайра истифода бурда мешавад.
Бинобар ин, «маърифати ҳуқуқӣ», «таълимоти ҳуқуқӣ», «иттилоотонии ҳуқуқӣ», «донишҳои ҳуқуқӣ», «шуури ҳуқуқӣ», «фарҳанги ҳуқуқӣ», «тарбияи ҳуқуқӣ» ва ғайра мафҳумҳое мебошанд, ки дар ҳошияи баррасии мавзуи маърифати ҳуқуқӣ васеъ истифода мешаванд.
Маърифати ҳуқуқӣ ба сифати ҷузъи таркибии фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба шахс имкон медиҳад, ки дар шинохти воқеии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаю уҳдадориҳои худ муваффақ гардад. Шахсро водор месозад, ки эҳтироми волоияти қонун, ҳуқуқу манфиатҳои дигар шаҳрвандон, масъулияти шаҳрвандӣ оид ба рафтору ахлоқи муносибро доро бошад. Ҳувияти шаҳрвандияшро ташаккул диҳад, мансубияташро ба давлат дарк ва эътироф намояд, ҳуқуқу вазифа ва уҳдадорию масъулияти шаҳрвандияшро шиносад.
Моҳиятан мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҳар шаҳрванд бояд ба мавқеи мустақили шаҳрвандӣ ва шахсияш муносибати бошуурона дошта бошад, ба раванду рўйдодҳои гуногуни ҷамъиятӣ бохирадона муносибат намояд, оқубатҳои ҳуқуқии рафтору амалашро ба хубӣ дарк карда тавонад. Зеро замоне расидааст, ки таъсиррасонии гуногуни ғоявӣ, арзишӣ, иттилоотӣ ва маърифатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар расонаҳои иттилоотӣ хеле зиёд шудаанд. Дар чунин шароит маҳз донишҳои ҳуқуқӣ, устувории иродаи сиёсӣ ва мафкуравӣ метавонад фаъолияти шахсро дар доираи муайяннамудаи қонун ва тартибот таъмин намояд. Яъне мо бояд худамонро ҳимоя кунем ва ба расму оин ва фарҳанги дигарон дода нашавем.
Сарвари давлат қайд намудаанд, ки «Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқӣ тақозо менамояд». Албата зарурияти пайгирии чунин як иқдом аз риояи бечуну чарои қонунҳо ва роҳи ҳалли як қатор мушкилиҳо бармеояд.
Бо баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, аз ҷумла кирдорҳои иртиҷоӣ аз қабили экстремизм, терроризм, хариду фурӯши одамон, қочоқи маводи мухаддир, коррупсия ва омилҳои ба онҳо мусоидаткунанда, инчунин ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории мамлакат оид ба истифодаи замин, танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва ғайра коҳиш меёбад.
Набояд фаромӯш намоем, ки муҳимтарин арзишҳои демократӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, ҳуқуқи инсон ва сулҳу суботи давлат мебошанд.
Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ фаъолияти мақсадноки доираи муайяни субъектҳоро вобаста ба паҳн намудани дониш оид ба ҳуқуқ, озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон ва роҳҳои татбиқи онҳо, ташаккули ақидаҳо, риоя, иҷро ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқиро фаро мегирад.
Яке аз ин субъектҳо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар ин самт тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ барои кормандони Палатаи ҳисоб ба хусус аудитор - арзёбии мустақили касбиро бо мақсади ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти молиявӣ, ғайримолиявӣ ва такмили идоракунии захираҳои давлатӣ, баҳисобгирии дуруст ва ҳисоботи онҳоро ташкил медиҳад.
Бинобар ин, дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбии мустақили касбӣ бо роҳи омӯзиш, мулоҳиза, муҳокима ва таҳлили хавфҳои истифодаи мақсаднок ва самараноки воситаҳои буҷетӣ ва захираҳои давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Чораҳои мазкур ба он мақсад ба роҳ монда мешавад, ки аудиторон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои аудиторӣ дар объектҳои аудит сатҳи маърифати ҳуқуқию молиявии мутахассисони соҳавиро боз ҳам инкишоф дода, дар таъмини дурусти меъёрҳо ва тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, инчунин роҳ надодан ба қоидавайронкуниҳои молиявӣ ва амалҳои номатлуби иснодоваранда мусоидат карда тавонанд.
Дар заминаи эълони соли маърифати ҳуқуқӣ аллакай роҳбарияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар доираи машғулиятҳои дохилиидоравӣ ва семинару машваратҳои алоҳида, дониши ҳуқуқӣ, малакаи ҳуқуқӣ, шуур ва муносибатҳои ҳуқуқии кормандони соҳаро такмил ва боз ҳам баланд бардорад.
Дар ин раванд, марҳила ба марҳила омӯзиши санадҳои соҳавӣ, бахусус барномаҳои давлатӣ ва байналмилалии самти аудити давлатӣ ба роҳ монда шуда, бо истифода аз донишу таҷрибаи мутахассисони касбӣ омӯзонида мешавад.
Дар баробари донистани меъёрҳои дахлдор зарур аст, ки ҳар як корманди мақомот талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар сатҳи баланд аз худ намуда, риояи бечунучаро ва дақиқи онро таъмин ва баъдан ба объекти аудит фаҳмонад, ки маърифати ҳуқуқӣ чист ва мақсаду мароми тарғиби он аз чӣ иборат мебошад.
Инчунин дар ин самт, ҳар як корманд бояд дорои дасту дили тоза, одоб, маданият, муносибат ва муоширати баланди инсонӣ бошад. Дар ҳама ҳолат хуртарин амали номатлубе, ки аз ҷониби як нафар корманди давлатӣ ба вуҷуд меояд, боиси иснод ва доғ овардан ба номи он мақомот мегардад.
Бинобар ин зарур аст, ки аз меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҷавобгарии он саривақт бархурдор бошем. Ғайр аз ин донистани ҳуқуқ вазифаи танҳо мутахассисону коршиносони соҳа набуда, балки вазифаи ҳамаи шаҳрвандон аст. Ҳамчунин донистани ҳуқуқ қарзи шаҳрвандии ҳар як шаҳрванде мебошад, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунад. Талаботи моддаи 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, “Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад”.
Бинобар ин, донистани ҳуқуқу озодиҳо, доштани маърифати ҳуқуқӣ, маданият ва нерӯи зеҳнии шахсро нишон дода, мавқеи онро дар ҷамъият баланд мебардорад, моҳияти онро сарфаҳм меравад, аз кирдорҳои ғайриқонунӣ худдорӣ менамояд ва ғуломи қонун мегардонад. Шоир мефармояд, ки
Пеши қонун ҳарки сар хам кард,
Хештанро раҳо зи ҳар ғам кард.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам дар мамлакат маърифати ҳуқуқии бархе аз шаҳрвандон дар дараҷаи начандон хуб қарор дорад, ки ин албатта монеи рушди ҷомеа мегардад. Муссалам аст, ки пешрафти давлатҳои абарқудрат аз инкишоф ва маърифати баланди ҳуқуқии шаҳрвандони онҳо шаҳодат медиҳад.
Олими юнон, Ситсерон қайд намудааст, ки “Агар хоҳӣ озод бошӣ, пас ғуломи қонун бош”. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд новобаста ба дороиҳо, мансаб ва эътиқоди динӣ эҳтироми санаду меъёрҳои ҳуқуқиро дар мадди аввал гузорем. Дар он маврид дарк менамоем, ки дорои маърифат ва фарҳанги баланди ҳуқуқӣ ҳастем.
Дар заминаи фармони Пешвои муаззами миллат, эълони соли маърифати ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон заминаи хубе хоҳад гузошт.
Дар ин самт шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама аз меъёрҳои ҳуқуқӣ огоҳ мегарданд. Вақте сухан дар бораи як инсони комил, худшинос ва ватандӯст меравад, бояд ӯ дорои маърифати ҳуқуқии баланд бошад, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи давлати худро хуб донад.
Бовар дорам, ҳар инсоне, ки дар доираи қонун амал мекунад, ба хато роҳ намедиҳад. Аксар ҳолатҳое, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мекунем, вақте шаҳрвандон ин ё он кирдори ношоямро содир мекунанд, аз ҷавобгарӣ доштани амали худ огоҳ набуданашонро иброз менамоянд. Чунин ҳолатҳо зуд-зуд ба чашм мерасанд. Бинобар ин дар ин самт зарур аст, ки бо мақсади пешгирӣ намудан аз ҳамагуна хатару қонуншиканӣ, дар ҳама ҳолат, ҳушёрию зиракӣ, одобу маданият ва донишу фарҳангӣ худро баланд истифода барем.
Ҳамин тавр, дар давраҳои гуногун инсонҳои бузургро ба монандӣ Куруши Кабир, Спитамен, Имоми Аъзам, Исмоилӣ Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва дигарон, ки онҳо ба таври мушаххас дар китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шудаанд, метавон ёдовар шуд. Ҳамаи онҳо аз хиради неку муқаддас, озодиву адолат, дӯст доштани ватану миллат, ҳимоятгари арзишҳои миллию фарҳангӣ бархурдор ва дар умум дорои маърифати баланди ҳуқуқии инсонӣ буданд.
Бо ин мақсад, новобаста аз он, ки шахс дорои чи гуна маълумот, ихтисос ва ё касб мебошад, ӯ метавонад, дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бошад. Ҳамчунин инсон ва шаҳрванд ҳамеша аз ҳуқуқу манфиатҳои хеш бояд бархурдор бошад, онро талаб кунад ва дар баробари ин уҳдадориҳои худро низ иҷро намуда, амалишавӣ ва риояи қонун, санадҳои меъёрии зериқонуниро вазифаи аввалиндараҷаи худ ҳисобад. Дар ин маврид ба худ, ҷомеа ва дар маҷмӯъ ба давлату миллат кумак расонида метавонад.
Дигар масъалаи таҳлилшаванда дарки мафҳумҳои «Маърифат», «Маърифати ҳуқуқӣ», истилоҳ ва мафҳумҳои ба ин монанд мебошад.
Истилоҳи «тарбия» маънои малакаҳо оид ба рафтор ва кирдор, ки ба воситаи мактаб, оила ва муҳит ба инсон талқин мешаванд, омӯхтани адаб ва омӯзиш аст. Дар ҳолати илова кардани истилоҳи ҳуқуқ ба истилоҳи тарбия ин маънои омӯзиши илмҳои ҳуқуқро дар бар мегирад.
Дар фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ истилоҳи «фарҳанг» аз калимаи арабӣ гирифта шуда, маънои маҷмӯи дастовардҳои инсоният дар соҳаи муносибатҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ ва ахлоқӣ буда, ҳамчунин, маънои маданият, одоб, шуур, илм, маърифат, ақл, хирад ва тадбирро дорад.
Зери калимаи «шуур» маънои тасаввур кардан, дарёфтан, фаросат, фаҳм ва соҳиби идрок будан фаҳмида мешавад.
Маърифат низ калимаи арабӣ буда, маънои дониш, илму дониш, нури маърифат, чароғи маърифат, дарки воқеият ба воситаи ақлу ҳис, шинохти чигунагии олам, одамони аз илму дониш баҳраманд, шахсони огоҳу доно ва ғайраро дар бар мегирад.
Истилоҳои зикршуда дар худ калимаи ҳуқуқро пайваст намуда бо мафҳумҳои «тарбияи ҳуқуқӣ», «фарҳанги ҳуқуқӣ», «шуури ҳуқуқӣ», табдил меёбанд, ки дар адабиёти ҳуқуқӣ оид ба мафҳумҳои зикршуда фикру андешаҳои зиёд ва гуногун мавҷуд мебошад.
Тарбияи ҳуқуқӣ – фаъолияти мунтазами муташаккил, мақсаднок ва танзимгаштаи мақомоту муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон мебошад, ки бо мақсади баланд намудани сатҳи шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ба сомон мерасад.
Тарбияи ҳуқуқӣ чун намуди тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва ғайра шуда метавонад, ки объекти умумии онҳо шахсияти инсон - мебошад. Он зинаи аввали фаҳмиш ва омӯзиши ҳуқуқ буда, инсонро ба марҳилаи дигар, яъне дарки шуури ҳуқуқӣ равона месозад.
Шуури ҳуқуқӣ бошад, ин маҷмӯи мафҳумҳову тасаввуроти одамон оид ба ҳуқуқ ва воқеияти ҳуқуқист, ки муносибати онҳоро ба ҳуқуқ ва падидаҳои ҳуқуқӣ ифода мекунад. Дар ҳолати доштани шуури ҳуқуқӣ инсон воқеияти ҳуқуқ ва муҳим будани онро дар ҷомеа дарк мекунад.
Фарҳанги ҳуқуқӣ – як намуди фарҳанги ҷомеа мебошад, ки аз сатҳи инкишофи ҳуқуқии ҷомеа дар робита бо ҳамаи унсурҳои воқеияти ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳад.
Бояд қайд кард, ки фарҳанги ҳуқуқӣ аз шуури ҳуқуқӣ фарқ дошта он аз тарбияи ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ дида васеътар мебошад, унсурҳои зиёдро фаро мегирад. Дар хусуси сатҳи шуури ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ, амалигардии талаботу нишондоди ҳуқуқӣ, сифати кори мақомот ва ғайра шаҳодат медиҳанд.
Агар шуури ҳуқуқӣ ҳаёти маънавии ҷомеаро фаро гирад, пас фарҳанги ҳуқуқӣ унсурҳои маънавӣ ва моддӣ, аз қабили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои татбиқи ҳуқуқ, мақомоти судӣ, нотариалӣ ва дигарро фаро мегирад.
Маърифати ҳуқуқӣ ба маънои васеъ дарбаргирандаи ҳамаи мафҳумҳои болозикр ва чигунагии олам, назарияи маърифатро аз нигоҳи ҳуқуқӣ дарк кардан мебошад. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои афзалиятноки ҷомеаи муосири Тоҷикистон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст.
Мо бояд дарк намоем, ки таъсир расонидан ба муҳити зист ин таъсиррасонӣ ба зиндагии шахс аст ва ин таъсир мутақобила мебошад.
Маълум аст, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон кори саҳлу осон нест, шахси аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бомаърифатро наметавон дар як рӯз ё як солу панҷ сол тайёр намуд. Ин раванд дар ҳамбастагӣ бо оила, мактабу маориф ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа метавонад самари нек ба бор оварад.
Масъалаи дигари маърифати ҳуқуқӣ метавонад, маърифати оиладорӣ бошад. Эҳтироми падару модар, тарбияи дурусти фарзанд, риояи тартибу низом, дур будан аз амали бад, гуфтори зишту рафтори қабеҳ дар маърифати оиладории миллати тоҷик аз азал бо роҳи ирсӣ омада, муайян ва қабул шудааст.
Ҳамчунин мебояд аз маърифати исломӣ қайд намуд, ки тибқи он ҳар мусулмон рукнҳои динро ба ҷо меорад. Оид ба ин масъала метавон аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 марти соли 2024 ироа гардид ёдовар шуд. Сарвари давлат дар ин ҷаласа оид ба моҳият ва мазмуни масъалаҳои динӣ бо риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзандон”, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти сиёсати дин ишора намуда, доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намуданд.
Зикр доштанд, ки тамоми донишмандону бузургони миллати мо, тавассути маърифату худшиносӣ дарк кардани муаммои дунёву охиратро тавсиф карданд. Бинобар ин, зарур аст, ки мо аз шахсиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ будани хеш ифтихор кунем ва ба онҳо пайравӣ намоем. Фарзандонамонро аз сатҳи маърифат ва пешрафти илму техника, илму дониш ва касбу ҳунар бархӯрдор намоем. Онҳоро тавре тарбия намоем, ки дастгиру ғамхори мо бошанд, донишманд шаванд, соҳибмаърифат ва мутаххассиси замони нав гардида, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва дар аёми пирӣ дастгирамон бошанд.
Бовар дорам, ки эълон гардидани соли 2024 –ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ метавонад паёмадҳои мусбии зеринро ба миён оварад.
Дар ин самт пеш аз ҳама сатҳи саводнокии ҳуқуқии аҳолии кишвар баланд мегардад, ҳуқуқвайрокунӣ дар байни аҳолӣ кам шуда, ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ташаккул меёбад.
Минбаъд шаҳрвандон дар раванди қабули қонуну санадҳои дигари меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба воситаи вакилони худ иштирок намуда, ҳуқуқу озодиҳои аҳолиро талаб менамоянд, ки ин тантанаи арзишҳои демократиро дар кишвар таҷассум менамояд;
Онҳое, ки заррае ҳам аз мафҳумҳои асосӣ ва моҳияту мазмуни маърифати ҳуқуқӣ ғизои маънавӣ мегиранд, худ ва фарзандонро ба роҳу равиши рост, дасту дили тоза, қалби гарми худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандустию ватандорӣ ва ғайра ҳидоят менамоянд.
Хулоса, масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмуи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллат исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад.
Бовар дорам, ки амалӣ гардидани ин мақсад ва вазифаҳо ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва маънавии бархе аз гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ, пешгирӣ ва фароњам овардани фазои тоќатнопазирї ба омилҳои коррупсионӣ, бартараф намудани сабабу шароитњои ба ҷинояткорӣ мусоидаткунанда ва дар маљмуъ, паст намудани шиддати қонуншиканиҳо дар Љумњурии Тољикистон мусоидат менамояд.
Шарифзода Шарифбек Мурод
Сардори шуъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоб,
Номзади илмҳои ҳуқушиносӣ