logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои қабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Иштироки кормандони Палатаи ҳисоб дар маъракаи ниҳолшинонӣ

Иштироки кормандони Палатаи ҳисоб дар маъракаи ниҳолшинонӣ

     15-уми феврал аз ҷониби кормандони Палатаи ҳисоб дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат Данғара як ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуд.Ин тадбири муҳим ҷиҳати иҷрои нақшаи амали солҳои 2025-2027 Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 сурат гирифт. Дар ин мавзеъ ниҳолҳое шинонида шудаанд, ки барои бунёди ҷангалзор, пешгирии эрозияи замин, беҳтар намудани муҳити экологӣ мусоидат мекунанд.

      Муҳимият ва таъсири кабудизоркунии атроф ҳамеша назари нек, созанда ва ҳисси зебоипарастиро дар қалби инсон бедор месозад. Тибқи нақша дар ҳошияи омодагиҳо ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ то 26 600 бех дарахтони ороишиву сояафкан дар қитъаҳои 12, 13, ва 14 дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат Данғара шинонида мешавад ва ин гушаи зебои диёр боз ҳам ба як макони сабзу шукуфон табдил хоҳад ёфт.      

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар асоси тавсияи мутахассисон тибқи талабот ба роҳ монда шуда, вобаста ба имконият дар ин рӯзҳои мусоид то фасли баҳор идома меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки тадбирҳои сабзу хуррамгардонӣ дар фасли баҳор пайваста дар саросари кишвар анҷом дода мешавад.

        Имруз кормандони Мақомоти олии аудити кишвар мақсад  гузоштанд, ки дар пайравӣ ба хислатҳои накӯи гузаштагон бо иҷрои саривақтии супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар ободии диёр ба таври дастаҷамъона пайваста саҳмгузор бошанд.

 Бахши кор бо ВАО-и Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон


17.02.2025


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -