Иҷрои
барномаҳои давлатӣ, бахусус стратегия ва консепсияҳое, ки дар самти пешгирӣ, муқовимат
ва баланд бардоштани мафкураи инсонӣ вобаста ба
омилҳои номатлубе,
ки вақтҳои охир ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, бо
мақсади беҳдошти шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини
амнияти ҷомеа ва давлат равона гардидааст.
Ин падидаҳои
нангин ба сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлатҳо таъсир расонида, ба пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷомеа монеагӣ ба вуҷуд меоварад.
Дар Тоҷикистони азизи мо
баъд аз ҷанги
шаҳрвандӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз давраи иттиҳоди шуравӣ боқимонда буданд,
такмил ёфта, робита ба муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ як қатор қонунҳо дар таҳрири нав қабул гардиданд.
Ҳамин аст, ки имрӯз дар кишвар як Конститутсия,
17 қонуни конститутсионӣ, 23 кодекс ва
384 қонуни соҳавӣ қабул гардида,
мавриди амал қарор доранд. Дар заминаи ин санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои зерқонунӣ, аз ҷумла барномаҳои давлатӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд,
ки барои пешрафти ҷомеаи навину демократӣ мусоидат менамоянд.
Робита ба ин, бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пешгирии амалҳои экетремистию террористӣ, стратегияҳои давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои давраи солҳои 2016 - 2020 ва аз 2021 то 2030 таҳия ва қабул гардиданд,
ки ҳамчун барномаи дурнамо,
нақшаи амали илман асоснокардашудаи муқовимат ба зуҳуроти номатлуб мебошад.
Дар доираи ин нақшаву чорабиниҳо субъектони бевосита муқовиматбаранда ва дар муқовимат иштирокунанда вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои номатлубе,
ки ба экстремизму терроризм,
бахусус мафкураи инсонӣ таъсир мерасонанд, чораҳои таблиғотиро ба роҳ монда, тадбирҳои мушаххасу мақсаднокро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамзамон,
як қатор консепсияҳои ҳуқуқӣ ва сиёсати давлат дар соҳаи дин ва дигар соҳаҳо таҳия гардиданд,
ки бо назардошти онҳо давоми солҳои соҳибистиқлолӣ рукнҳои
давлатдории муосири Тоҷикистон хеле таҳкиму такмил ёфтанд. Ин тадбирҳои судбахш дар заминаи сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
амалӣ шуда,
барои торафт мустаҳкам гардидани истиқлолияти воқеии кишвар шароит муҳаё намудааст. Бинобар ин, ислоҳоти санадҳои қонунгузории мамлакат барои такмили минбаъдаи демократикунонии институтҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ замина фароҳам оварда, ифодаи иродаи мафкураи инсониро баланд бардошта,
метавонад садди роҳи амалҳои номатлуби кирдорҳои фаромиллӣ бошад.
Аммо, новобаста аз татбиқу таҳияи чунин барномаҳои давлатӣ имрӯзҳо шоҳиди он мегардем, ки баъзе аз афроди ҷомеа монеаҳои сунъиро ба
миён оварда бо тақлидкорӣ аз расму
анъана ва оинҳои дигар
давлатҳо, ба мафкури шахсони бехабар аз илму дониш ва сулҳу осоиштагӣ таъсири
номатлуб мерасонанд.
Дар ин самт ҷиҳати
бартараф намудани монеаҳо ва пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷомеа ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар паёмҳои навбатии худ дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, таҳия ва тасдиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои амали онро
роҳандозӣ менамояд.
Дар доираи ин барномаҳо камбудиҳои мавҷуда бартараф карда шуда, чораҳои пешгирикунандаи онҳо тақвият меёбанд.
Сиёсати мамлакат боз ҳам
мустаҳкам гардида,
идоракунии мафкури инсонӣ ба низом дароварда мешавад.
Аз ин бармеояд, ки давлат ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва
шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллиро кафолат дода, таҳкими
идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ, маориф ва илм, фарҳанг, кафолати
фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии
шаклҳои моликият, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеаро вазифаҳои якумдараҷаи сиёсати ҳуқуқии мамлакат меҳисобад.
Аз ин рў, барои бапуррагӣ иҷро гардидани барномаҳои зикршуда, оид ба ҳалли вазифаҳои дарозмуҳлат дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра
зарур аст, ки ҳар
як фарди ҷомеа бо қалби гарми худшиносию худогоҳии миллӣ ва ҳисси ватандустию ватанпарастӣ, барои
ояндаи дурахшони Тоҷикистони
азизамон ва таъмини шароити беҳдошти зиндагонии худ ва фарзандонаш,
масъулияти баланд зоҳир намояд.
Дар пешгирии кирдорҳои
ба қавму миллати тоҷик бегона
мусоидат намуда, ба ҳар амалу рафтори зуҳуроти хурофотпарастӣ роҳ надиҳад.
Дар ин самт, муҳити оила нақши
калидӣ дошта,
нахустин мактабест, ки хишти аввали тарбия маҳз дар он ҷо гузошта мешавад. Муссалам аст, ки агар ин
хишт ибтидо каҷ гузошта шавад, то ба охир девори он каҷ хоҳад рафт.
Робита ба ин, волидон бояд нисбат ба раванди тарбияи фарзандон
бетараф набошанд, бо онҳо ҳамарӯза дар доираи оила корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муносибату муошират, бегонапарастӣ, хурофоткорӣ ва дуст доштани Ватану миллат анҷом диҳанд. Зеро хурофот аз нуқтаи назари коршиносон дар аксари маврид
мардумро ба худ гирифтор сохта, барои ба таври пайваста баланд ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд. Силсилаи боварӣ ва ақидаҳои миллиро аз байн мебарад, ки ин
ҳама аз ноогоҳии инсон аз робитаҳои байни ҳодисаҳо ва падидаҳои олам зуҳур менамояд. Аз ин бармеояд, хурофот дар байни афроде густариш ва нуфуз пайдо мекунад, ки камтар таҳсил кардаанд ё сатҳи донишу маърифати илмиашон паст мебошад.
Дар ин самт, яке аз ҳадафҳои асосии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қабули барномаҳои давлатии зидди экстремистӣ ва террористӣ ба низом даровардани ҷашну маросими миллӣ, динӣ ва роҳ надодан ба бегонапарастию ҷудоихоҳӣ мебошад, ки онҳо аз давраҳои қадим ба таркиби фарҳанги миллати тоҷик ворид шудаанд.
Талаботи меъёрҳои Қонуни мазкур тақозо менамояд, ки дин ва фарҳанги миллати тоҷик ҳеҷ гуна алоқамандӣ ба хурофот ва хурофотпарастӣ надорад. Бояд мо хуб донем, ки ифродгароиву хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллату давлат танҳо бадбахтӣ меорад ва ба рушду тараққиёти ҷомеа ва давлат монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин аз он шаҳодат менамояд, ки дар ин самт ҳар амали номатлуб баёнгари риёкорӣ ва худнамоии мардум аст ва аз назари шариати ислом исрофкорӣ ва ҳаром маҳсуб ёфта, нодуруст мебошад.
Дар ин самт, имрӯзҳо байни мардум барои адои ҳаҷ, бахусус умра, рақобати шадиде ба миён омадааст, ки хусусияти таассубу
тақлид ва мусобиқаро касб намудааст. Ҳол он, ки шароити зиндагӣ ва ҳолу аҳволи фарзандону пайвандони бархе аз ин
қабил умракунандагон начандон хуб аст.
Онҳо бо ин амал ба худнамоиву тақлидкорӣ, исрофкориву маъракаороӣ ва амсоли онҳо, ки хилофи дини мубини ислом мебошад, роҳ медиҳанд. Робита ба ин, паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) мефармоянд: “Касе, ки барои шуҳратталабӣ амалеро анҷом диҳад ва касе, ки аз рӯи риё (худнамоӣ) амале анҷом диҳад, то мардум бузургаш донанд, Худованд уро бо сабаби изҳор намудани риёкорияш, яъне худнамоияш дар назди мардум дар рӯзи қиёмат шармсор месозад”.
Мо миллати тоҷик бояд донем, ки ҳама намуди исрофкориҳо, бахусус маъракаҳои ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ, ҳоҷизиёрат, ғайр аз худнамоиву зиён овардан ба иқтисоди оила чизи дигаре нест ва дар ягон ояти каломи шариф низ дарҷ нагардидааст.
Ба андешаи мо, ҳеҷ кас муқобили зиёрати ҳаҷ кардани нафари дигар нест. Аммо, нафаре, ки молу амвол ва дороии
зиёд дорад, метавонад шахси дармондаеро кумак расонад ва ё аҳволи ҳамсояи чапу ростро пурсад, хешу табори ниёзмандро дастгирӣ намояд ва дар маҷмуъ кори хайреро анҷом диҳаду сипас нияти зиёрати хонаи Худо кунад. Дар ҳоле, ки ривоят аст, “ Садақа ва амали хайр баробари зиёрати хонаи Худост”. Бо иқтибос аз суханҳои Пешвои муаззами миллат низ
бармеояд, “Ашхосе, ки хайру садақоти ҷория мекунанд, амсоли роҳу мактабсозӣ, пул бунёд кардан, яъне амале, ки самараи он ба ҷамъият мерасад, ба садақаи ҷория дохил мешавад”.
Воқеан ҳам, дастурҳои раҳнамунсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру эҳсонкорӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо пур аз андарзу ҳикмат буда, аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он, ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ ва шароити хуб мебошад.
Дар ин замина, баъд аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистони азизамон, хушбахтона миллати тоҷик бо ҳисси баланди меҳандӯстиву асолати тоҷикона ва зери сиёсати хирадмандонаю
сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, бо роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пояҳои давлату давлатдории мамлакатро устувор намоянд.
Бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор,
тамомияти арзӣ, ягонагӣ, эҳёи тамаддун, илму фарҳанг, мактабу маориф, тандурустӣ, варзиш,
бунёду ободонии роҳу нақбҳо ва шаҳру деҳоти мамлакат таъмин ва амалӣ гардида, Тоҷикистон ба кишвари сулҳофар, ташаббускор, транзитӣ ва истиқлолияти энергетикӣ мубадал гардидааст.
Бинобар ин, зарур аст, ки дар заминаи санадҳои қонунгузорӣ ва таъмини
иҷрои барномаҳои давлатии рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа дар ташаккулу таҳаввули минбаъдаи иқтисоди миллӣ, соҳибистиқлолӣ ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, ҷиҳати эҳёи падидаҳои неку писандида, сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми
мамлакат, арзишу анъанаҳои волои миллӣ ва фарҳангии ниёгон хизматҳои пурарзиш намоем.
Дар ин замина, аз ҳар як оила сар карда, зарур аст, ки насли имрўза ва ояндаро дар руҳияи баланди ватандўстию хештаншиносӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намоем, то фарзандон дар ҳифзи урфу одат, расму оин, забону фарҳанг ва манфиатҳои миллиамон ҳамеша омода бошанд. Хуб дарк намоянд, ки фарҳангу маданияти миллати куҳанбунёди тоҷик бо хурофотпарастӣ ҳеҷ ягон алоқа надорад ва дошта низ наметавонад.
Гузашта аз ин, ҳамаи мо сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни мамлакат вазифадорем, ки оид ба фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, муқовимат бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшем, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоем.
Сардори шуъбаи ҳуқуқи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарифзода Ш.М.