Санаи
06.07.2026 дар толори маҷлисгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари
омӯзишӣ идоравии хизматчиёни давлатии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
мавзъуи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2021 – 2030” ва таъмини баробарии гендерӣ дар хизмати давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар
семинари омӯзиши муовини раиси Палатаи ҳисоб Аҳмадзода Ш. А намояндагони
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарова
Гулҷаҳон ва Парвина Нурзода , сараудиторон инчунин занону бонувони Палатаи
ҳисоб иштирок намуданд.
Намояндагон
оид ба амалисозии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии
занон, тақвияти ва таъмини баробарии гендерӣ дар хизмати давлатӣ андешаронӣ
намуданд.
Дар
семинари мазкур қайд гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлату
Ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъмини
баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари онҳо диққати ҷиддӣ
медиҳанд.
Дар
даврони соҳибистиқлолӣ занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳамеша дастгирӣ ёфта,
барои амалӣ намудани фаъолияти онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андшида мешавад.
Ин
нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, “Мо тасмим дорем, ки
ҷалби бештари занонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъятӣ минбаъд низ густариш бахшем,
зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо
ҳамеша эътимод дорем”.
Давоми
25 соли охир беш аз 20 ҳуҷҷати муҳими давлатӣ доир ба масъалаи занон қабул
карада шуда, дар ин замина барои фаъолияту зиндагии занону бонувони кишвар
заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда шуд.
Ташаббусҳои
Сарвари давлат дар бораи таъмини иштироки занон дар сатҳи қабули қарорҳо,
намояндагии онҳо дар ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти онҳо дар тамоми
соҳаҳои хољагии халқи кишвар занони тоҷикро баҳри назаррас гардонидани мавқеи
худ ҳавасманд гардонида, имконоти мусоидро баҳри рушди фаъолияти онҳо фароҳам
овард.
Истиқлолият
ба зани тоҷик имкон дод, ҳамчун шахси фаъол ва мубориз дар роҳи ташаккул ва
бунёди давлатдории миллӣ ва қувваи содиқу созанда дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор
бошад.
Ба
имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
“Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” 3 декабри соли
1999 аз ғамхорӣ ва эътимоду боварӣ ба занон, қадрдонӣ аз масъулиятшиносӣ ва
ғайрату кордонии онҳо мебошад.
Барои
дар амал татбиқ намудани иқдом заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё гардида,
ҳоло “Стратегияи милии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои
солҳои 2021-2030” ва нақшаи амали он ва чандин барномаҳои давлатӣ татбиқ шуда
истодаанд.
Дар
даврони соҳибистиқлолии кишвар ва рушди давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ масъалаи
мақому мартабаи зан мазмуни нав касб намуда, зимни ислоҳот ба нақши зан дар
ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар эътибори ҷиддӣ дода шуд.
Бо
назардошти он, ки занон беш аз 49 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, ҳоло
иштироки онҳо дар фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият таъмин гардидааст.
Зимни
баргузории семинар, масъулин оид ба нақши занон дар пешгирии омилҳои номатлуб,
хушунату зӯроварӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, фарҳанги
бегона, баланд бардоштани тарбияи насли наврас дар руҳияи инсондӯстиву
ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ андешаронӣ намуданд.
Дар фарҷоми семинар байни маърӯзачиён ва иштирокдорон
мубодилаи афкор сурат гирифт.
Масъули иттилоот ва кор
бо ВАО-и
Палатаи ҳисоб Наҷмуддинзода Х