logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Палатаи ҳисоб.

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Палатаи ҳисоб.

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Палатаи ҳисоб.

      Санаи 20 марти соли 2025 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва тамоми кормандон иштирок намуданд.         

      Ҳайати кормандон бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ хони наврӯзӣ ташкил намуда, ҳунару исеъдоди худро нисбат ба анъанаҳои Наврӯзӣ ҷаҳонӣ ба намоиш гузоштанд.

        Дар чорабинӣ ҳамчун анъанаи неки наврӯзӣ Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Ҷамшед дар якҷоягӣ бо кормандон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.

Баъди дидан намудан аз намоишгоҳи Наврӯзӣ раиси Палатаи ҳисоб Каримзода Ҷамшед ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ кормандонро табрику таҳният гуфта, сиҳатмандӣ, хотири ҷамъ ва дар фаъолияти ҳамарузаашон муваффақиятҳоро таманно намуданд. Раиси Палатаи ҳисоб Каримзода Ҷамшед зимни баромади худ, қайд намуданд, ки ҷашни миллии Наврӯз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми хусусиятҳои таърихиву фарҳангияш эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо-тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст. Зеро, Наврӯз ҷашни эҳёи башар, зиндашавии табиат, давомёбии умри инсонӣ, тозашавии муҳити атроф ва василаи бахшоишу муҳаббати мардумони ҳавзаи ин ҷашни бузурги миллӣ ба шумор рафта, фазилатҳои неки худро дорад.

   

 

 


20.03.2025


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -