12 декабр дар Палатаи ҳисоб бахшида ба солгарди таъсисёбии
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, ки дар он роҳбарият ва тамоми
кормандони Палатаи ҳисоб иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Чиллазода Қ. аҳли толор ва тамоми кормандонро таҳният гуфта, дар фаъолияти
минбаъда барору комёбиҳо таманно намуданд. Таъкид намуданд, ки маҳз бо шарофати
Истиқлолияти давлатӣ дастуру ҳидоятҳо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалисозии
сиёсати бобарору муваффақи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ислоҳот дар низоми
давлатӣ Палатаи ҳисоб имрӯз ҳамчун сохтори салоҳиятдор татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ
вазифаву уҳдадориҳои худро иҷро намудаистодааст.
Гуфта шуд, ки таъмини уҳдадориҳои давлатӣ бахусус иҷтимоӣ
ва берунаи давлатӣ аз ҳар як корманди Палатаи ҳисоб масъулияти баланди касбиро
талаб менамояд, ки маҳз ҳамин фаъолияти садоқатмандона ва аз сидқ анҷомдода, дар
таъмини соҳаҳои иқтисодӣ иҷтимоии кишвар нақши муҳим мегузорад. Дар ин рузи
касбӣ як қатор кормандон бо рутбаи тахасусии навбатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
12 декабри соли 2011 №1173 дар бораи таъсиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба тасвиб расидааст.