logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои қабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Байни Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Идораи аудити давлатии Гурҷистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Байни Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Идораи аудити давлатии Гурҷистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

19 июн пас аз анҷоми музокироти расмии Тоҷикистон ва Гурҷистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи аудити давлатии Гурҷистон ба имзо расид, дар доираи ин санад, ҷонибҳо ҳамкориро дар мутобиқат бо қонунгузории миллӣ, қоидаҳо, муқаррарот, консепсияҳои миллӣ ва уҳдадориҳои байналмилалӣ амалӣ менамоянд.

Тарафҳо дар асоси Ёддошти тафоҳум ба мувофиқа омаданд, ки заминаи ҳамкории самаранокро барои таҳким ва тавсеа дар соҳаи аудити берунаи давлатӣ дар асоси баробарӣ ва манфиати муштарак мустаҳкам намоянд.

Дар доираи ин ҳуҷҷат, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи аудити давлатии Гурҷистон дар самти мубодилаи маълумот тавассути машваратҳо ва конфронсҳо оид ба масъалаҳои муҳими аудити берунаи давлатӣ, мубодилаи маълумот ва таҷриба дар соҳаи сиёсат ва технологияи аудит ба воситаи ба роҳ мондани сафарҳои хизматӣ ҳамкориро густариш диҳанд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар доираи Созмони байналмилалии мақомоти олии аудитӣ ИНТОСАЙ ва Созмони осиёии мақомоти олии аудити АСОСАЙ инкишоф диҳанд.

 

Масъули иттилоот ва кор бо ВАО - и
          Палатаи ҳисоб Наҷмуддинзода Х. М


23.06.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -