6 марти соли 2026 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки
роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар» ҷамъомади
тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ифтитоҳ раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед чорабиниро ҳусни
оғоз бахшида, модарону бонувонро табрику таҳният намуда, ба онҳо тансиҳативу
хонаободӣ, рӯзгори пур аз файзу баракат, осоиши хонадон ва бурдборӣ дар
фаъолияти минбаъдаашон таманно намуданд.
Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани
мақоми занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати таъмини фазои мусоид
барои иштироки занон дар идоракунии ҷамъиятӣ ва давлатӣ шароити ҳамаҷониба
фароҳам овардааст.
Занону модарони тоҷик дар давоми таърихи чандин ҳазорсолаи халқамон ҳамеша
чароғи пурфурӯғи хонавода, манбаи меҳр, маҳзари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ,
намунаи олии меҳрубонӣ ва сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт буданду ҳастанд.
Бузургони илму
адаб занро шоҳкории табиат ва тоҷи офариниш донистаанд. Сарчашма ва сароғози
ҳар кори бузург Зан – Модар мебошад. Меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри
асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон – Наврӯз омезиш
ёфта, ба гулҳои хамешабаҳори Тоҷикистон мубаддал ёфтаанд.
Ин аст, ки занону
бонувон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому мартабаи худро дошта, ба онҳо
ҳамчун олиҳаи ҳусни зиндагӣ, эҳтироми хоса ба ҷо оварда мешавад.
Дар доираи
чорабинии идона, як қатор кормандон вобаста ба нақши Зан - Модар дар ташаккули
ҷомеаи башарӣ ва тарбияи насли наврас баромад намуданд.
Дар ин рӯзи
пурифтихор аз ҷониби роҳбарият Файзиддинзода Сокина барои фаъолияти пурсамар ва
саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳа бо нишони “Аълочии Палатаи ҳисоби
Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҳамчунин тамоми бонувони Палатаи ҳисоб барои хизмати
софдилона ва дар густариши фаъолият дар мақомоти олии аудити кишвар бо
ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.
Бахши иттилоот ва кор бо ВАО- и
Палатаи ҳисоб