logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Ҳар касеро баҳри коре сохтаанд.

Ҳар касеро баҳри коре сохтаанд.

Имрӯз дар Палатаи ҳисоб бо иштироки роҳбарият ва кормандон чорабинии ботантана вобаста ба нафақа гусел намудани сармутахассиси раёсати  баҳодиҳии буҷети давлатӣ Раҳмонзода Сафар баргузор гардид.

Сараввал  раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷ. ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр намуданд, имрӯз ки яке аз кормандони фаъол ба нафақа гусел карда мешавад, ки солҳои зиёд хизмати халқу Ватани азизро содиқона ва беғаразона адо намудааст.

Вақте кас дафтари корномаи онро варақгардон мекунад, бешубҳа ба ин инсони комил барои хизматҳои шоён дар ҳамаи мақомоте, ки фаъолият намудааст, аҳсану офарин мегӯяд.

Зеро дар тамоми вазифаҳои ишғолнамудааш Раҳмонзода Сафар манфиати давлатро аз манфиатҳои шахсии худ боло гузошта, самараноку содиқона адои хизмат намудааст.

Дар ин шахсият танҳо хислатҳои наҷиби инсонӣ мушоҳида карда шуда, дар давраи фаъолияти корӣ ӯ дар ҳамаи вазифаву мансабҳои ишғолнамудааш худро ҳамчун мутахассиси соҳибистеъдоди соҳа нишон дода, сохиби иззату эҳтироми ҳамкасбон гардидааст, ки пайваста матонату мардонагии шахсии ӯро қадршиносӣ намуданд .

Сафар Чиллахон дар баромади худ иброз дошт, ки аз он ифтихор дорад, ки солҳои охири фаъолияти меҳнатӣ, маҳз дар Мақомоти олии аудит адои хизмат намудаасту имрӯз ҳамкасбон меҳнатҳояшро қадр намуда, дар чунин шароити тантанавӣ ӯро ба нафақа гусел карда истодаанд.

Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Инчунин ба соҳибҷашн пеш аз ҳама умри дароз, хушии рӯзгор ва ободии хонадонашро таманно намуда, изҳор доштанд, ки дар оянда низ Раҳмонзода Сафар бо маслиҳатҳои муфиди хеш дар роҳи баланд бардоштани мавқеи ниҳоди олии аудит ба кормандони ҷавони соҳа ёвару мададгор бошанд.


11.08.2025


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -