23 октябри соли 2024 дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳа дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби раис Чиллазода Қ. бо иштироки тамоми кормандони соҳа ҷамъомад доир гардид. Дар ҷараёни маҷлиси мазкур раиси Палатаи ҳисоб Чиллазода Қ. қайд намуданд, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бармеоянд, фаъолиятро ба роҳ монда, дар ин замина ҷиҳати таъмини арзёбии саривақтию сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноку мақсадноки воситаҳои давлатӣ Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 114 чорабинии аудиторӣ гузаронда, қоидавайронкуниҳои молиявиро ба маблағи 350,0 млн. сомонӣ муайян намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 134,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Аз маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявии муайянгардида, хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 34,1 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1,7 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 16,2 млн. сомонӣ, фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 2,8 млн. сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 40,6 млн. сомонӣ, маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 116,8 млн. сомонӣ, пардохти ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 125,5 млн. сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 12,2 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Оиди бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида, чораҳои мушаххас андешида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 347,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 274,6 млн. сомонӣ, ба корхонаҳо 44,8 млн. сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 28,1 млн. сомонӣ барқарор карда шуд, ки 99,3 фоизро ташкил медиҳад.
Инчунин, дар рафти чорабиниҳои аудиторӣ қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобӣ ба маблағи 31,1 млн. сомонӣ, зиёдомади молу маводи арзишдор 352,0 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби дигар манбаъҳо 20,3 млн. сомонӣ ва бақияпулиҳо ба маблағи 832,8 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳо барқарор гардида, қарзҳои беасоси кредиторӣ 1,3 млн. сомонӣ ва маблағгузории сметаи хароҷотӣ ба андозаи 23,3 млн. сомонӣ кам карда шуд.
Дар ин давра натиҷаи чорабиниҳои аудиторӣ истифодаи ғайрисамараноки воситаҳои давлатиро ба қадри 5,3 млн. сомонӣ муайян намуд.
Тибқи қоидаҳои муқарраршуда дар ин давра аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб 31 мавод ба маблағи 26,1 млн. сомонӣ барои чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ба Прокуратураи генералӣ 16 мавод ба маблағи 21,1 млн. сомонӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 14 мавод ба маблағи 5,0 млн. сомонӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 1 мавод ба маблағи 5,3 ҳазор сомонӣ ирсол гардид.
Ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 17 хулоса ва мактубҳои ахборотӣ бо 914 тавсияҳои судманд ирсол карда шуда, аз баррасии онҳо 39 қарору фармонҳо қабул гардида, 209 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуда, 13 нафар аз вазифаи ишғолнамудаашон озод карда шуд.
Дар фароварди ҷаласа раиси Палатаи ҳисоб Чиллазода Қ. зикр намуданд, ки Палатаи ҳисоб ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини волоияти қонун, пурзӯр кардани интизоми иҷроия ва меҳнат, фаъолияти худро тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда, аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода карда, барои боз ҳам беҳтар намудани арзёбии самараноку мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ, мунтазам тадбирҳои заруриро хоҳад андешид.
Аз натиҷаи ҷаласаи васеъ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.