logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

03 апрели соли ҷорӣ, ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара таҳти раёсати раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Ҷамшед доир гардид. Дар кори ҷаласа бо ҷонибдории аъзои он 11 масъала аз ҷумла: масъалаи муроҷиати шифоҳии рӯзноманигори маҷаллаи “Набзи Душанбе” ва рӯзномаи “Истиқлол” Саиди Ҳайдар вобаста ба гузарондани аудити экологӣ”  мавриди таҳлилу баррасӣ, қарор дода шуд.

Дар ҷараёни баргузории ҷаласа Каримзода Ҷ. қайд намуданд, ки тақвият бахшидани робита бо ҷомеа ва ҷонибҳои манфиатдор, инчунин,  амалӣ намудани аудити экологӣ  - яке аз талаботи Стратегии рушди Палатаи ҳисоб барои солҳои 2024 – 2028 мебошад.

Тибқи қонунгузорӣ баргузории чорабинии иттилоотӣ барои ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла барои объектҳои аудит, вазорату идораҳо, мақомоти судӣ ва тафтишотӣ, ВАО ва МНМО ҶТ оид ба нақш, ваколат, фаъолияти МОА, натиҷаҳои фаъолият, тамоюлҳо ва вайронкунии қоидаҳои молиявии аз натиҷаи чорабиниҳои аудиторӣ муайянгардида,  басо муҳим мебошад.

Дар ин замина, роҳбарияти Палатаи ҳисоб тасмим гирифтанд, ки муроҷиат ва дархости шифоии рӯзноманигор Саиди Ҳайдар дар раванди нишасти матбуотӣ вобаста ба гузарондани аудити экологӣ пазируфта шуда, мавриди баррасӣ қарор мешавад.

Сараудиторон ва сардорони воҳидҳои сохторӣ дар ҷаласа бо рӯзноманигор муколамаи судманд баргузор намуданд.

Дар натиҷа Саиди Ҳайдар иброз намуд, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии аудити давлатӣ мебошад, ки аудити берунаи мустақили давлатиро оид ба баҳодиҳӣ ба лоиҳаи буҷети давлатӣ, ҳисоботи маҷмуии солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳо ва захираҳои давлатӣ анҷом медиҳад. Саҳми Палатаи ҳисоб дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, моликият ва захираҳои давлатӣ назаррас мебошад.

Инчунин, рӯзноманигор аз вазъи экологии минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ нигаронӣ намуда, қайд кард, ки вазъи экологии назди бозори “Кӯшониён” – и шаҳри Душанбе, партовгоҳҳои ғайриқонунӣ дар соҳили дарёи Элоқи ноҳияи Рӯдакӣ,  назди купруки роҳи оҳани шаҳри Ваҳдат, минтақаи дарёи Хонақоҳи шаҳри Ҳисор ва Корхонаи заршӯии ноҳияи Сангвор бисёр нигаронкунанда мебошад. Дар ин хусус дар рӯзномаҳо мақола низ чоп гардида, аммо мушкилиҳои ин соҳа ҳалли худро наёфтаанд.

Бинобар ин рӯзноманигор Саиди Ҳайдар дар нишасти матбуотӣ ба Палатаи ҳисоб, ки Мақоми олии аудити давлатӣ мебошад оид ба гузарондани аудити экологӣ, дархост намуда, омодагии худро ҷиҳати расонидани кумак изҳор намуд.

 Раисикунанда иброз намуданд, ки бо қарори ҳайати мушовара (Роҳнамо - 5200) “Роҳнамо оид ба тартиби гузарондани аудити экологӣ дар заминаи аудитҳои молиявӣ, мутобиқат ва самаранокӣ”-и Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

Дар ин замина, ҳайати мушовара барои гузарондани аудити экологӣ ва арзёбии вазъи экологӣ дар партовгоҳҳои соҳили дарёи Хонақоҳи шаҳри Ҳисор қарор қабул намуд.

Аъзоёни ҳайати мушовара ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ таклифҳои худро барои тартиб додани барномаи чорабинӣ дар гузарондани аудити экологӣ пешниҳод намуданд, аз ҷумла:

1. Баҳодиҳии вазъи экологии соҳили дарё ва маҷрои об;

2. Муайян намудани партовҳои ғайриқонунӣ;

3. Таъсири зарари партовҳо ба оби нӯшокӣ;

4. Ифлосшавии об ва таъсири он ба саломатии инсон;

5. Мутобиқатии ҳолати санитарию эпидемиологии минтақа;

6. Муайн намудани ҳаҷми маблағи зарари экологӣ ва ба кишоварзии минтақа;

7. Муайян намудани таъиноти замин;

8. Таъсири вазъи экологӣ дар рушди соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ;

9. Зарар ба амволи давлатӣ;

10. Ҷой доштани қабристон дар наздикии дарё;

11. Арзёбии вазъи экологии минтақа.

Аъзоёни ҳайати мушовара пешниҳод намуданд, ки тибқи тартиби муқарраргардида, барои гузарондани аудити экологӣ аз ҳамаи мақомоти дахлдори соҳавӣ, мутахассисон ҷалб карда шаванд.

Дархости шифоҳии рӯзноманигор Саиди Ҳайдар аз ҷониби аъзоёни ҳайати мушовара бо назардошти таклифу пешниҳодҳо қонеъ гардид.

 

 


09.04.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -