logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои қабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 17 июни соли ҷорӣ, ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара таҳти раёсати раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Ҷамшед баргузор гардид, ки дар кори он 6 масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷараёни ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи мазкур муовини раиси Палатаи ҳисоб Аҳмадзода Ш. сараудиторон, сардорони раёсатҳои мақомоти олии аудити кишвар иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласаи мазкур масъулин аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории гузаронидашуда, аз ҷумла оид ба натиҷаи чорабинии аудитории Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, оид ба натиҷаи аудити мутобиқат ва молиявии як қисм аз сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба натиҷаи аудити мутобиқат ва молиявии Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд шунида шуд.

Ҳамчунин, дархости мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, гузориши сардори шуъбаи ҳуқуқ вобаста ба пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Инчунин, гузориши муовини сардори раёсат Аҳмадзода Ф.З. ҷиҳати ворид намудани тағйирот дар Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Лоиҳаи САSAI дар соли 2026 баррасӣ гардида, вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда, қарорҳои дахлдор қабур гардид.

Дар фарҷом раиси Палатаи ҳисоби кишвар муҳтарам Каримзода Ҷамшед ҳозиринро ҷиҳати тақвият ва татбиқи аудити экологӣ, истифодаи шаффофияти маблағҳои буҷетӣ, омодагии сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ ба ҳозирин дастурҳои мушаххас доданд.


17.06.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -