logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои қабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ЭЪЛОНҲО
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 08 майи соли ҷорӣ, ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара таҳти раёсати раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед доир гардид, ки дар кори ҷаласа бо ҷонибдории аъзои он иборат аз 6 масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷараёни баргузории ҳайати мушовараи навбатӣ сараудиторон аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории гузаронидашуда оид ба натиҷаҳои аудити мутобиқат ва молиявии Дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз моҳи январи соли 2024 то моҳи апрели соли 2026; Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах”, дар давраи аз моҳи май соли 2024 то моҳи марти соли 2026 ва  оид ба натиҷаи чорабинии аудиторӣ вобаста ба баҳодиҳии ҳисоботи солонаи маҷмӯи иҷрои буҷети маҳаллии ноҳияи Носири Хусрав дар давраи солҳои 2024-2025 ва семоҳаи якуми соли 2026; баррасии хулосаи аудити самаранокии “Барномаи рушди иҷтимою иқтисодии ноҳияи Ашт барои солҳои 2021- 2025; маъруза намуда, хулосаҳои пешниҳод гардида аз ҷониби аъзоёни ҳайати мушовара муҳокима ва мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Инчунин дар ҷаласаи мазкури ҳайати мушовараи навбатӣ аудиторон ҷиҳати гузаронидани чорабинии аудиторӣ ба баҳодиҳии ҳисоботи солонаи маҷмуии иҷрои буҷети маҳаллии шаҳри Панҷакент сафарбар гардиданд

Сипас раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед  оид ба баррасии масъалаи назарсанҷӣ ва таъмини Нақшаи чорабиниҳои аудити экологӣ  баромад намуда, вобаста ба рушди корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба баланд бардоштани маърифати экологии мардум ва ҳифзу нигаҳдошти экология ва ҳифзи муҳити зист ва тақвият додани корҳо дар ин самт  дастуру тавсияҳо доданд.

Раиси ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода Ҷамшед дар анҷоми кори мушовара дастур доданд, ки корҳои аудити экологӣ вусъат бахшида шуда, таҳкими воситаҳои техникӣ ҷиҳати гузаронидани аудити фосилавӣ пурра ба роҳ монда шавад ва  вобаста ба иҷрои қарорҳои қабулгардида, пайгирии тавсияҳои ирсолгардида, рушди шаффофияти аудити давлатӣ, инчунин мақаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва пешгирӣ намудани вайронкунии қоидаҳои молиявӣ тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешанд.

 

Ҳайати мушовара доир ба масъалаҳои дар рӯзнома пешбинигардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

    Бахши иттилоот ва кор бо ВАО – и 

                Палатаи ҳисоб


29.05.2026


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -