logo
ПАЛАТАИ ҲИСОБИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
logo

Facebook Twitter

Вид

Обычный вид
Черно-белый вид
Затемненный вид

Размер шрифта

15px

Гузаштан ба сомонои кабли
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
    Хабархои мухим
  • ПРЕЗИДЕНТ
    Вохӯриҳо Суханрониҳо Сафарҳои дохилӣ Сафарҳои хориҷӣ Фармонҳо Паёмҳо Барқияҳо Суҳбатҳои телефонӣ Аксҳо
  • ДАР БОРАИ МО
    Роҳбарият Сохтори Палатаи ҳисоб
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
    Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Қонунгузорӣ дар бораи Палатаи ҳисоб Стратегия ва барномаҳо
  • ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
    Созишномаҳои ҳамкорӣ ИНТОСАИ АСОСАИ ЭКОСАИ МОНМ давлатҳои ИДМ МОНМ давлатҳои СҲШ Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ Лоиҳаи таҳкими аудити беруна
  • МЕТОДОЛОГИЯ
  • МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ
  • ҲИСОБОТ
  • БАХШИ ИТТИЛООТ
    Мақолаҳои таҳлили Терроризм ва экстремизм
  • ТАМОС
    ТАМОС БО МО Муроҷиати шаҳрвандон
  1. АСОСӢ
  2. Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб

Имрӯз ҷаласаи 24  ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раис муҳтарам Ҷамшед Каримзода баргузор гардид, ки дар кори он 7 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни баррасии  хулоса оид ба натиҷаи аудити мустақили беруна вобаста ба баҳодиҳӣ ба ҳисоботи иҷрои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024  ва аудити мутобиқат ва молиявӣ дар Дастгоҳи марказии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз моҳи январи соли 2024 то моҳи июни соли 2025   қайд карда шуд, ки маълумотҳои дақиқ оид ба ҳама муносибатҳо инъикос гардида,  ақидаи аудитории шартан мусбӣ, тасдиқ карда шавад.

         Инчунин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани фаъолият қарор дар бораи ирсол ва пайгирӣ  намудани тавсияҳо қабул карда шуд.

          Ҳамчунин натиҷаи хулосаҳо оид ба чорабиниҳои аудиторӣ дар Лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, марҳилаи 4”  ва як қисм аз сохторҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

      Дар фароварди ҷаласа бо мақсади мукаммал намудани мушахассоти таъиноти супоришнома ва расидаҳои пардохтии маблағҳои барқароргардида аз натиҷаи чорабиниҳои аудиторӣ лоиҳаи шакли намунавӣ тасдиқ гардид.

                      Бахши иттиллоот ва кор бо ВАО


25.07.2025


...
...
...
...
...
...
...
...
...
...
ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   [+ 992 37] 227-34-49
  •   info@sai.tj
  • Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии
  • Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона www.sai.tj иҷозат дода мешавад

logo

Сомонаи расмии Палатаи ҳисоби Ҷумхурии Тоҷикистон -