11 марти соли 2026 дар Палатаи ҳисоб ҷаласаи
навбатии ҳайати мушовара таҳти роҳбарии раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам Каримзода
Ҷамшед баргузор гардид, ки дар он 13 масъала мавридӣ таҳлилу баррасӣ, қарор
дода шуд.
Ҳамзамон, тибқи рӯзномаи
маҷлис сараудиторон аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории гузаронидашуда, маърӯза
намуда, хулосаҳои Раёсати аудити соҳаҳои иҷтимоӣ, Раёсати баҳодиҳии буҷети
маҳаллӣ, Раёсати баҳодиҳии буҷети давлатӣ, Раёсати аудити соҳаи мудофиа ва
мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъалаҳои воҳидҳои сохтории мустақили Палатаи
ҳисоб пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳайати мушовара муҳокима ва мавриди таҳлил
қарор дода шуд.
Бо дар назар доштани таклифу
пешниҳодҳо қарори дахлдори ҳайати мушовара дар бораи тасдиқ намудани хулоса ва
масъалаҳои дигар, қабул гардид.
Раиси Палатаи ҳисоб муҳтарам
Каримзода Ҷамшед вобаста ба иҷрои қарорҳои қабулгардида ва пайгирии тавсияҳои
ирсолгардида, инчунин, рушди шаффофияти аудити давлатӣ ва мақсаднок истифода
намудани маблағҳои буҷетӣ, сари вақт барқарор намудани маблағи вайронкунии
қоидаҳои молиявӣ, ирсоли маводҳо аз натиҷаи чорабинии аудиторӣ ба мақомотҳои
ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъалаҳои баррасӣ гардида, супоришҳои мушаххас дода,
таъкид намуданд, ки ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешанд.
Ҳайати мушовара доир ба
ҳамаи масъалаҳои дар рӯзнома пешбинигардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Бахши иттилоот ва кор бо ВАО-и
Палатаи ҳисоб